Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Ин каме ҳам бошад, саҳме буд дар иҷрои фармону супоришҳои Президенти кишвар оид ба тоза кардани мақомоти ҳифзи тартибот аз одамони тасодуфию дасту дили нопокдошта.
Абўалӣ дуюмин васияти бобою падарашро баҳри гулгулшукуфии ватану беҳдошти миллат бо сарбаландӣ иҷро кард. Дар баробари ин кораш ў исбот кард, ки хонаи дар маҳаллаи Кўҳдоман буда на моли Шермати Шағол, балки мероси ўст. Суди Олӣ шартномаи хариду фурўши хонаро ғайриқонунӣ дониста, ҳалнома баровард ва хонаро дар идораи нотариалии давлатии шаҳри Душанбе ба номи меросхўрон, Абўалӣ ва Ситорабону Собирзодаҳои Сабур, ҳуҷҷатгузорӣ карданд.

ОҚИПАДАРӢ ХОТИМА ЁФТ

Бо кўмаки дўстон Абўалию Ситорабону хонаи чангу ғуборолуди чандин сол касе дар он ҷо зиндагӣ накардаро тоза карданд. Бобои Дилшод Абўалиро нашинохт. Аз ҳамин сабаб вориди ҳавлӣ гардидан замон гуфт:
– Муборак шавад! Соҳибхонаи навомада, ҷавони ситорагарм менамоед, пас маълум мешавад, ки ҳамсояи хубро Худо ба мо раво дид.
Абўалӣ дидан замон Дилшоди паҳлавонро, ки падарашро аз зери мушту лагади Шермати «падархонд»- аш наҷот дода буд, шинохт. Ўро ҳаяҷон сабру тоқат рабуда буд, ки оғўш кушода, бобои Дилшодро ба канор гирифта гуфт:
– Оҳ, амаки Дилшод, шумо ҳамсояи хуби беҳ аз хеши дур будед, ки падари беморамро наҷот додед!
Дилшод ҳайрон шуда гуфт:
– Ҷавони хуб, ман шуморо нашинохтам.
– Ман Акмал, Улуғбек, сонӣ Абўалӣ ҳастам.
Дилшод акнун фаҳмид, ки ҷавони зебои ситорагарму ин духтари нозанини наврас кистанд. Онҳо дер боз бо ҳам сўҳбат карда, аз ҳолу аҳвол ва саргузашти ҳамдигар бохабар шуданд.

пешина
аз 191
навбатӣ