Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Абўалӣ инчунин номҳои дигар аъзоёни гурўҳи бистуҳаштнафараро қироат кард. Дар охир оид ба шарҳи ҳоли худаш ва қотилии Шермату ҳимоя шудани ўро аз тарафи прокурори шаҳри Бўстон Қаробоев Э. аз аввал то ба охир шарҳ дода.
Иштирокчиёни мурофиа яке ба кордонию маҳорати Абўалӣ аҳсану офаринҳо мехонд, дигареро саргузашти талхи ў ба андша бурда буд.
Хулоса, гунаҳкории ин ҷинояткори вазнин аз тарафи суди шаҳри Маскав исбот шуд. Ин парвандаи ҷиноятӣ барои иҷроиш доир ба дигар ҷинояткорони дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонбуда ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуд. Дар мурофиаи Суди Олӣ боз Собирзода Абўалии Сабур ба сифати айбдоркунандаи давлатӣ баромад намуд. Ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин буд: “Дар асоси моддаҳои 104 – одамкушӣ, 200 – муомилоти воситаҳои нашъаовар, 289 – қочоқ (контрабанда) ва дигар моддаҳои Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бўрихонов Шерматҷон бо тахаллуси «Шағол» бо маҳрумият аз озодӣ бо мўҳлати понздаҳ сол, бо мусодираи молу амвол, дар маҳбаси реҷааш сахт ҷазо дода шавад”.
Ба дигар аъзоёни гурўҳи биступанҷнафара, хусусан афсарони баландрутбаи қисмҳои сарҳадот Талбак Гадозода ва Пивненко Фёдор ҷазои сахти сазоворро «лоиқ» донистанд. Прокурор Қаробоев Э.-ро дар асоси моддаи 359 – сохтакории далелҳо, моддаи 319 – гирифтани пора, моддаи 366 – ғайриқонунӣ озод кардан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ, моддаи 316 – баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва ғайраҳо Суди Олӣ ҷазои сазовор дод.

пешина
аз 191
навбатӣ