Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

КУШОИШИ МУАММОИ САРБАСТА

Дил меравад зи дастам, соҳибдилон Худоро,
Дардо ки рози пинҳон хоҳад шуд ошкоро.
Хоҷа Ҳофиз

Дар асоси парвандаи ҷиноятии №77-9 санҷишу тафтиши муштараки кормандони ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва амнияти миллии Федератсияи Русияву Ҷумҳурии Тоҷикистон шашмоҳи дигар давом кард. Дар кушода шудани ин ҷинояти вазнин Абўалӣ роли аввалиндараҷаро бозид. Санҷишу тафтишҳо дар навоҳии назди марзҳои ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ўзбекистон ва Қазоқистон, гоҳе дар шаҳрҳои калони Русия сурат мегирифт.
Баъд аз як соли ба ҳабс гирифтани Шермат нахустин шуда парвандаи №77-9-ро корманди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Собирзода Абўалии Сабур кушода дод. Ў дар мурофиаи суди шаҳри Маскав, оид ба кушодашавии парвандаи ҷиноятии №77-9-и прокуратураи шаҳри Бўстон, ки баъдтар ин парвандаро Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ўҳдаи хеш гирифта буд, баромад намуда гуфт:
– Мўҳтарам раис ва иштирокчиёни мурофиаи парвандаи ҷиноятии №77-9, доир ба парвандаи мазкур гуфтаниям, ки ман шоҳиди қисме аз ин ҷиноятҳо ҳастам.
Акнун, кӣ будани Шермати Шағол, «Бургут», «Зоғ» ва ҳомиёни онҳо дар Федератсияи Русия, дигар шаҳру ҷумҳуриҳо маълум гардид. Парда яку якбора афтиду бозингарони ноаёни паси парда намоён ва шинохта шуданд.
«Бургут» ин тахаллуси нашъаҷаллоби машҳур, ки қочоқи маводи мухаддирро дар тамоми ҷаҳон паҳн мекунад, шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Мангал валади Гулбиддин мебошад. «Зоғ» тахаллуси қумондони қувваҳои сарҳадии марзи Афғонистону Тоҷикистон, афсари баландрутбаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Талбак Гадозода буда, «бор»-ро аз хизматгорони «Бургут», ки аз дарёи Панҷ мегузаронданд, дар ин тарафи сарҳад қабул карда, ба ихтиёри афсар ва шаҳрванди украинтабори Русия Пивненко Фёдор ва шахрванди Тоҷикистон Шермат барои обу лой кардан вогузор мекардааст.

пешина
аз 191
навбатӣ