Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Ў дигар майдабозӣ намекард. Савдои яклухтро ҷорӣ карда буд. Дар Маскав бо ҳаммаслаки дигари украиниаш, Пивненко Фёдор, савдо мекард, аммо аз болои ҳардуи ин «марказҳои савдо» Шермати корчаллон назорати қатъӣ мебурд. Лўлиҳо аз тамоми гўшаю канори Русия, чун дигар муштариёни маводи мухаддир ба ин ҷо ташриф меоварданд. Онҳо бо як зиракию эҳтиёт, ба воситаи роҳбаладон, пинҳонӣ аз нозири милиса, дар ҷойҳои махсус яклухт «бор»-ро гирифта, чун аҷина ғайб мезаданд.
Аз ин кори бобарори Шермат хоҷагонаш «Бургут»
дар Ҷумҳурии исломии Афғонистон ва «Зоғ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар шариконашон хушҳолу қаноатманд буданд. Дар урфият мегўянд: «Кўза ҳар рўз сиҳат ба лаби чашма намеравад».
Дар баробари расидани барқияи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи Федератсияи Русия гўё дар хонаи мўрча об даромада бошад, ки кормандони шўъбаи корҳои дохилӣ, амнияти шаҳру ноҳияҳо дар ҷустуҷўю пайдо кардани Шермат бо тахаллуси «Шағол» шуданд.
Соати 03:20 дақиқаи шаб, дар вақти хариду фурўши маводи мухаддир «Шағол» ба дом афтод. Тафтиш аз тарафи кормандони ҳифзи ҳуқуқу тартиботи шаҳри Москва шаш моҳ давом кард, аммо кормандони милисаи шаҳри Маскав сирру савдои ин гурги борондидаро пурра ошкор карда натавонистанд. Онҳо барои пурра ошкор сохтани ин гурўҳи калони хавфноки қочоқи маводи мухаддир аз Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрию мадад пурсиданд.
Бо фармони Прокурори генералӣ Собирзода Абўалии Сабур ба он ҷо ба сафари хидматӣ фиристода шуд ва нусхаи парвандаи ҷиноятии №77-9-ро бо худ бурд.

пешина
аз 191
навбатӣ