Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Қаробоев Э. ҳар як хоҳиши зану падарарўсашу бародари золимаш ўро бе чуну чаро иҷро мекард.
Вақте ки Шермати Шағол дар маҳаллаи Кўҳдоман ҷинояти вазнин содир кард, яъне занашро кушт, сирру асрори ба қочоқи маводи мухаддир сару кор доштани ў ошкор гардид. Бояд ў дар асоси моддаҳои 104, 289-и Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои одамкушӣ, қочоқи маводи мухаддир понздаҳ сол аз озодӣ маҳрум шуда, дар маҳбаси реҷааш сахти махсус нигоҳ дошта мешуд. Молу амволаш ба ҳисоби давлат тасарруф мегардид. Лекин бо супориши хоҳараш Ойҷамол Қаробоев Э. усулу кореро ба анҷом расонид, ки баъди се соли ҳабс Шермати Шағоли қотилу нашъаҷаллобро афв карданд. Барои рўйпўш кардани дигар кирдорҳояш, то хоҷагонаш ошкор нагарданд, ба ў ҳуҷҷатҳои қалбакӣ тайёр карда, ба Федератсияи Русия гурезонданд. Шермат бо ёрии «Бургут»-у «Зоғ» ва дигар ҳаммаслаконаш, ки бистуҳашт нафарро ташкил мекарданд, аз Давлати Исломии Афғонистон то ба ҷумҳуриҳои Ўзбекистону Қазоқистон ва Федератсияи Русия фаъолият мекардагӣ шуданд.
Шермат баъди аз маҳбас баромаданаш ҳафт сол дар шаҳрҳои Маскав ва Санкт-Петербург ба қочоқи маводи мухаддир сару кор дошт.

ДОМ БАРОИ ШАҒОЛ
(фаъолият бо лўлиҳо)

Шермати Шағолро аввалҳо гоҳе дар бозорҳои
шаҳрҳои Маскаву Санкт-Петербург ва гоҳе дар Қазону
Екатеринбург дидан мумкин буд. Ў бештар бо лўлиҳо
сару кор мегирифт. Солҳои охир лўлиҳо кори ўро осон
карданд. Ду «маркази тиҷоратӣ»-и маводи мухаддир, яке
бўстонсаройе дар шаҳри Маскав, дигаре дар таҳхонаи корхонаи қаннодии шаҳри Санкт-Петербург амал мекарданд.

пешина
аз 191
навбатӣ