Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Дунё дар пеши чашмони Ойҷамол дар як лаҳза торик шуд. Гўё борону жолаи дарду ғам яку якбора дар сараш мерехт. Ранги сурху сафеди рухсораҳои зебояш зарду қаҳрабо гашт, об дар даҳонаш хушк шуд ва мадори гап задан надошт. Аз чашмони шаҳлои фаттонаш ашки сўзон ба бари рухсораш равон шуда, қатра-қатра мечакид. Дар охир қувваашро ҷамъ карда, ҳиққосзанон гуфт:
– Эй падар, наход дилатон шавад, ки мани ҳаждаҳсоларо ба бевамарди панҷоҳсола диҳед. Охир ў аз ман сиюду сол калон асту ду тифли ноболиғ дорад!
Ду шабу ду рўз Ойҷамоли нозанинро дарду ғами айём чунон харобу лоғар кард, ки бинанда гумон мекард, ки ў аз бемории домана хестааст. Дар охир ў ба хотири меҳри падарӣ розӣ шуд ва дар назди падару Қаробоев Э.
шартҳои зиёди дандоншиканро монд. Бо ин шартҳо ў прокурорро ғуломи ҳалқабаргўши худ гардонид.
Шермат, ки пулу моли бедарди миёнро аз қочоқи маводи мухаддир захира карда буд, волидайни ноболиғони ҳалокшударо ба воситаи маблағу насиҳати муллоҳо розӣ кунонид, ки аз даъвояшон даст кашанд.
Ақди никоҳи Қаробоев Э. бо Ойҷамол бо никоҳи мусулмонӣ, пинҳонӣ сурат гирифт.
Бо дахолату ёрии Қаробоев Э. суд дар асоси моддаи 118-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ботухонро бо ҷарима ба андозаи дусад маоши ҳадди аққал ҷазо дод. Аз сабабе, ки пули Шермати Шағол бисёр буд, ин маблағро ба тезӣ супориду Ботухон ба озодӣ баромад.
Қаробоев Э. ҳар як нозу нузи Ойҷамолро мебардошт.
Ў ҳатто барои нигоҳубини кўдаконаш занеро ба хизматгорӣ қабул кард. Ойҷамоли ҳаждаҳсола ягон кори хонаро намекард. Чун шоҳдухтар рафтор мекард. Ин марди панҷоҳсола ғуломи ҳалқабаргўши зани ҷавон гашта буд, ки дар урфият инро «занкалон» мегўянд.

пешина
аз 191
навбатӣ