ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа
– Ин кори ман, иншоаллоҳ, ўро розӣ мекунам, ба шарте ки иҷозат диҳӣ, ба хона равам.
Прокурор гуфт:
– Иҷозат медиҳам, ба шарте, ки писаратон Шермат волидони он ду тифли ҳалокшударо бо кадом роҳе ки набошад, розӣ кунад. Онҳо аз даъвояшон гузаранд ва баъди ду рўз розӣгии Ойҷамолро ба ман мерасонед.
Шумо озод, тез аз пайи кор шавед!
Қаробоев Э. дар давоми ин ду шабонарўз хеле хароб шуд. Шаб то ба рўз мурғи хаёлоти ширинаш дар атрофи ҳусну ҷамоли Ойҷамол парвонавор давр мезад. Худ ба худ фикр мекард, ки мабодо он паричеҳраи ба дом афтода чун кабўтар аз тури сайёд раҳо шуда, ба осмони софи кабкабуд парвозкунон ғайб занад, ҳоли мани ошиқ чӣ мешуда бошад? Дар болои мизи корӣ ўро ғанаб мебурд.
Фикраш ба дуриҳои дур доимо банд буд. Орзу мекард, ки Ойҷамолро ақаллан дар хобаш бинад.
Ботухон ҳамаи хешу табори наздик ва фарзандонашро ҷамъ карда, маҷлис орост. Ҳар кас фикрашро мувофиқи ақлу донишаш баён мекард. Дар охир сардори оила ҷамъомадро ҷамъбаст карда гуфт:
– Ман падар ва сардори ҳамин қабила ва хонадони шумо ҳастам! Наҷоти ман дар дасти ду нафари шумо ҳаст! Ҳама писарону духтарону амаку амакбачаҳо бо ҳайрат ба тарафи ҳамдигар нигаристанд ва ба давоми суханони сарвари хонадон гўш доданд. Ў гуфт:
– Мушкилкушои ман Шерматҷону Ойҷамоли нозанин шуда метавонанд!
Бо мақсаде ки пирамард боз чӣ мегуфта бошад, ҳамагон гўш ба давоми суханони ў дода, хомўшона интизорӣ мекашиданд. Пирамард дер гоҳ ба фикр фурў рафт ва дар охир гулў афшонда гуфт:
– Агар Шерматҷон маблағ пайдо карда, хунбаҳои он ду тифли ноболиғро диҳад ва волидони онҳо аз даъвояшон даст кашанд, кушоиши як тарафи масъала аст.
Тарафи дигараш ин аст, ки агар Ойҷамолҷон хоҳад, ки соҳиби хонаву дари дабдабаноку молу амволи зиёд гардад ва падарашро аз банду занҷири маҳбас озод кунад, бе ягон дудилагӣ ба прокурор ақди никоҳ мебандад ва зани ў мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё