ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа
– Бобои Ботухон, синну соли шумо ба ҷое расидааст, наход ки ҳоло ҳам арақ нўшед?! Айб аст! Ҷойи шумо дар ин синну сол кунҷи масҷид. Ҷинояти ниҳоят вазнин содир кардед. Акнун давраи пириятонро бо азобу шиканҷа дар кунҷи маҳбас, то охири умр мегузаронед!
Ботухон гирён шуда гуфт:
– Мўҳтарам прокурор, ман чанд сол буд, ки наменўшидам. Ҳамон рўз дўстон маро дар рўзи мавлудам маҷбур карданд. Илтимос, чӣ хизмате бошад, иҷро мекунам. Писарам, Шерматҷон, одами корчаллон аст. Ў зарари расидаро ҷуброн мекунад ва хизмати шуморо ҳам ба ҷой меорад. Шумо мушкили маро осон кунед. Дасти ману домони шумо!
Баъд аз каме таваққуф, Қаробоев Э. оҳиста мақсадашро фаҳмонданӣ шуда гуфт:
– Ботухон, Ойҷамоли духтаратон ягон номзад дорад ё не?
Аз ин саволи прокурор, хуни сарди шахшуда дар рагу пайи Ботухон ба ҳаракат омад ва шўълаи умед дар чашмонаш дурахшид. Ў хуб медонист, ки прокурор ду сол инҷониб зани муносиберо ҷустуҷўй дорад. Гуфт:
– Не, мўҳтарам прокурор, садҳо ҷавонон ба хостгорӣ омаданд, Ойҷамоли нозанини ман онҳоро муносиб надид.
Ойҷамол духтари оқилу доно ва кадбонуи хуби хонадон аст. Аз ҳамин сабаб дархости он ҷавонони бесаводу бекасу беҳунарро рад кард. Ў мехоҳад бо касе хонадор шавад, ки касбу мансаб дошта, ҳаётдида бошад, то ин, ки ба қадру қиматаш расад.
Аз ин суханони Ботухон прокурор аниқ дарк кард, ки тираш ба ҳадаф мерасад. Ў каме далертар шуда, бо нармӣ гуфт:
– Бобо, хулосаи гап ҳамин, ки агар Ойҷамолро розӣ кунӣ, ки зани ман шавад, кори туро сабук мекунам, вагарна дар зери азобу шиканҷаи зиндон маҳв хоҳӣ шуд.
Ботухон ду даст пеши бар гирифта, аз тарси азобу шиканҷа ва воҳимаи зиндон гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё