Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Яке аз хоҷагони ў «Бургут»-и дурпарвозу тезчангол маводи гуногуни мухаддирро аз мавзеъҳои гуногуни Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҷамъ мекард. Маводи ҷамъшударо хизматгорони «Бургут» бо роҳи қочоқ аз марзи Афғонистон гузаронида, дар сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон ба навкорони «содиқу бовафо»-и сарқумондони тасодуфӣ «Зоғ» бо мўҳру имзо месупориданд. Шахсони «содиқ»-и «Зоғ» бо роҳбарии Шермати Шағол «бор»-ро то ба шаҳрҳои Душанбею Бўстон, ноҳияҳои Панҷакенту Ашт бурда, интизори муштариён мешуданд. Муштариён аз Ҷумҳуриҳои Ўзбекистону Қазоқистон ва Федератсияи Русия ин маводи «қиматбаҳо»-ро аз марзи мамлакатҳояшон гузаронида, обу лой мекарданд.
Шермати Шағол бародари калонии зани Қаробоев Эргаш, Ойҷамол, буд. Ойҷамол дар ҳусну ҷамол беназир буд ва касе бовар намекард, ки ў 35 сола аст. Ў духтари 18 соларо мемонд. Қаробоев Э. 20 сол аз Ойҷамол калон буд ва баъд аз вафоти занаш, ки ду тифли хурдсолро ятим гузошта буд, ўро ба занӣ гирифт. Садҳо ҷавонон ошиқу шайдои Ойҷамол буданд, лекин ў касеро интихоб намекард ва ҷавони ба худ муносибро меҷўст. Бо амри тақдир падари Ойҷамол бобои Ботухон дар ҳолати мастӣ бо мошини шахсияш ду тифли мактабхонро зер кард.
Онҳо дар ҷойи ҳодиса фавтиданд. Аз болои ин кор шўъбаи бозрасии давлатӣ парвандаи ҷиноятиро ба прокуратураи шаҳр пешниҳод кард. Қаробоев Э. ду сол буд азоби танҳоию нигоҳубини ду тифлро ба ўҳдаи худ ва хешонаш гирифта буд, мехост зани соҳибҷамолу кадбонуеро пайдо кунад. Дар вақти тафтиши парвандаи Ботухон чашми Қаробоев Э. ба Ойҷамол афтод. Ў аз нигоҳи аввал ошиқу шайдои Ойҷамол гардид.
Қаробоев Э. бо Ботухон яккаю танҳо дар даруни мошини хизматияш вохўрда гуфт:

пешина
аз 191
навбатӣ