ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа
ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТИИ №77-9
Дар асоси фармону супориши махсус Абўалӣ бо ду нафар корманди амният парвандаи №77-9-ро аз сандуқи оҳанини Қаробоев Э. гирифта, ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оварданд. Парвандаро бо устодаш аз аввал то ба охир хонда баромаданд.
Ҳақдодов андешамандона ба шогирдаш рўй оварда гуфт:
– Бояд Шермати Шағолро дастгир кунем. Бо Вазорати корҳои дохилӣ, Прокуратураи генералӣ ва бо Хадамоти федеролии бехатарии Федератсияи Русия ҳамкорӣ кардан шарт ва зарур аст. Кӣ будани «Шағол»- ро донистем. Агар Шерматро дастгир кунем, кӣ будани «Бургут» ва «Зоғ»-ро ҳам донистан кори осон мегардад.
Мумкин Қаробоев Эргаш дар накушодани ин парванда манфиати шахсӣ дошта бошад? Бояд сарчашмаю сабаби кушода нашудани ин ҷиноятро ҷустуҷўй кард. Чуноне, ки Шайх Саъдии дилогоҳ мегўяд:
Донӣ ки чӣ гуфт Зол бо Рустами гурд,
Душман натавон ҳақиру бечора шумурд.
Дидем басе, ки оби сарчашмаи хурд,
Чун бештар омад, шутуру бор бибурд.
Аз номи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, хадамоти федералии амнияти Федератсияи Русия барои дастгир кардани ҷинояткори ашадӣ Бўрихонов Шермат бо тахаллуси «Шағол»
дархосту барқия фиристода шуд.
ФАЪОЛИЯТИ ШЕРМАТИ «ШАҒОЛ»
Шермат дар давраи ҷанги бародаркуши шаҳрвандӣ аз
вазъият истифода мебурд. Ўро гоҳ дар марзи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, гоҳе дар шаҳри Душанбе, замоне дар шаҳру ноҳияҳои ҳамсарҳади Ҷумҳурии Ўзбекистон дидан мумкин буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё