ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Ҳоло ҳам дар ин саф шахсони баднафси порагири бесавод, ки бо роҳҳои гуногун ба сари қудрат омадаанд, кору фаъолият мекунанд. Ин гурўҳи ҳабис ба тараққиёту пешравии давлат монеъ шуда, шаъну шарафи давлатдориро паст мезананд, ришва мегиранд, хонаи халқро хароб мекунанд. Абўалӣ, ноумед нашав, чуноне ки халқ мегўяд:
«Аз ноумедиҳо басо умед аст, поёни шаби сиёҳ сафед аст!». Ман туро дар бари худам мегирам. Дасти ба даст карда, бар зидди ин ашхос мубориза мебарем. Бо сардор маслиҳат карда, ҳодисаю воқеаҳои дар шаҳри Бўстон ҷойдоштаро ба ў фаҳмонда медиҳам.
Соат аз дувоздаҳ гузашта буд. Ҳақдодов аввал ба соат ва сонӣ ба Абўалӣ нигариста гуфт:
– Ҳарду якҷоя ба хўрокхўрӣ меравем.
Баъд аз се рўз ҳуҷҷатҳои Абўалӣ дар болои мизи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайдо шуд.
Сардор ба Абўалӣ муроҷиат карда гуфт:
– Собирзода Абўалии Сабур, Ватану миллат ба шумо барин ҷавони фидокор ниёз дорад. Ба ғайр аз гуфтаҳои Ҳақдодов Ҳақпараст боз ҳуҷҷатҳои дар пеши ман истода донишу малакаю маҳорати шуморо муайян мекунад.
Шумо корманди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон мешавед. Умедворам, ки ҷиноятҳои пурмуаммои сарбастаи вазнинро кушода метавонед.
Пас, ба Ҳақдодов Ҳақпараст ишора карда гуфт:
– Шумо фармонро тайёр карда, ба шогирдатон дар кушодани ҷиноятҳо ёрӣ расонед!
Баъд аз се рўзи корӣ Ҳақдодов Абўалиро даъват карда гуфт:
– Ана, ин фармон. Шумо парвандаи ҷиноятии №77-9- ро аз прокуратураи шаҳри Бўстон талаб карда мегиред ва кушодани ин ҷинояти басо вазнин ба зиммаи шумо. Агар муаммое пайдо шавад, ёрӣ медиҳам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё