Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

– Падар, ғам нахўред, кори шуморо ҳамин ҳафта ҳал мекунам. Мехост баргашта дарояд, дар ҳамин вақт чашмаш ба Абўалӣ афтод ва ўро нашинохта гуфт:
– Охирон шумо дар навбат ҳастед, марҳамат, дароед.
Абўалӣ ассалому алейкум устоду падари меҳрубон гуфта, даст дароз кард. Ҳақдодов ўро шинохт. Онҳо самимӣ бо ҳам сўҳбат карда, аз ҳолу аҳволи ҳамдигар пурсон шуданд. Ҳақдодов аз ҳолу аҳволи хоҳараш Ситорабону пурсида гуфт:
– Ситорабону чӣ тавр, хонда истодааст?
– Имтиҳону санҷишҳояшро бо баҳоҳои хубу аъло месупорад. Инчунин, ба корҳои илмӣ ҳам даст зада истодааст. Аз ҳоло оиди рисолаи дипломиаш дар мавзўи «Роҳҳои пешгирӣ ва табобати ишемияи дил» тайёрӣ дида, корҳои илмӣ бурда истодааст.
– Корҳо чӣ тавр, дар шаҳри Бўстон чӣ навигариҳо ҳаст? Абўалӣ каме таваққуф карда, оҳиста гуфт:
– Устод, адолату ҳақпарастӣ ва хизмат ба ватану миллат карданро аз сабақи шумо, рафтору кирдор ва гуфтори неки шумо омўхтаам.
Ҳама саргузашташ, фаъолияти кории дусолаашро аз аввал то ба охир нақл карда, дар охир гуфт:
– Устод, аз он шоду хурсандам, ки як тарафи лагоми қонуни ватан дар дасти шумо барин инсони оқилу комил қарор дорад. Иншоаллоҳ, некӣ бар бадӣ, сафедӣ алайҳи сиёҳӣ ғалаба хоҳад кард. Шумо, устоди азиз, шарҳи ҳоли бандаро хуб медонед. Барои он омадам, ки дасти мани бекасу кўйро гиред ва маслиҳат диҳед, то ин ки чӣ кор кунам?
Дили Ҳақдодов ба ҳоли зори шогирдаш сўхт. Ў дер гоҳ ба фикру андеша фурў рафт ва сонӣ сар бардошта гуфт:
– Абўалӣ, ҳоло ҳам якто-нимто гургон дар пўстини гўсфанд буда, амалиёту кирдорҳои ҳарисонаву баднафсонаашонро дар миёни мардум хеле эҳтиёткорона бурда истодаанд. Ба ақидаи банда ва чи тавре ки Президенти кишвар борҳо таъкид карда гуфта буд, бояд дар дараҷаи аввал сафи кормандони ҳифзи ҳуқуқу тартиботро аз одамони тасодуфӣ пок кунем.

пешина
аз 191
навбатӣ