ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Қаробоев Э. бо ғазаб таҳдид карда гуфт:
– Ин корат боз ягон нағма набошад?! Ба тезӣ сиҳат шуда биё, парвандаи раиси ҷамоатро ба охир расон!
Абўалӣ дигар ба дафтари кориаш барнагашт. Ў либосу ҳуҷҷатҳои лозимаро гирифту ба таксӣ нишаста, ба Душанбе омад. Соати 8-и пагоҳӣ, рўзи шанбе дар қабулгоҳи муовини аввали Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 нафар дар навбат меистоданд.
Аз паси онҳо Абўалӣ навбат гирифт. То соати 10 Ҳақдодов Ҳақпараст ин 5 нафарро қабул кард. Навбати Абўалӣ расид, хост иҷозат пурсида дарояд. Дар ҳамин вақт пирамарду пиразане асозанон вориди долон шуда, аз Абўалӣ имдодталабона хоҳиш карда гуфтанд:
– Писарам, ба мо ёрӣ расонед, идораи Ҳақдодов кадом аст?
Абўалӣ гуфт:
– Шумо ба ў чӣ кор доред?
– Эй, бачам, ҳамон давраи Шўравӣ хуб буд. Ҳоло ба доди ятимону пиронсолони нафақахўр касе намерасад.
Хонае, ки мо дар он ҷой умри худро ба пирӣ расондем, дар нақша (план) омадааст гуфта, раиси ноҳия бе ягон таъмини хонаи муваққатӣ ё замин моро кўчонда истодааст. Ман маъюби Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва собиқадори меҳнат ҳастам. Ду писару ду духтарам моро партофта, ба Федератсияи Русия рафтанд. Мо дардамонро ба кӣ гўем?!
Абўалӣ аз асли воқеа хабардор шудан хоста пурсид:
– Шуморо ба куҷо мекўчонанд?
– Ба куҷо мешуд, ба хонаи бесоҳибон. Мегўянд, ки прокурор Ҳақдодов Ҳақпараст ба доди халқи оддӣ мерасад, ин овозаҳо дуруст аст?
– Бале, бале, - гўён Абўалӣ навбаташро ба онҳо дод.
Як соати расо арзи пиронсолон давом кард ва Абўалӣ интизорӣ мекашид. Соат аз ёздаҳ гузашт, дари дафтари кории прокурор кушода шуд ва онҳоро то берун Ҳақдодов гусел карда, бо меҳрубонӣ гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё