ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Ўро ба вазифаи муовини аввали Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда буданд.
Абўалӣ хоби чанд рўз пеш дидаашро ба хотир овард ва дилаш гувоҳӣ дод, он марди ниқобдоре, ки сагҳоро мепарронд, ҳамин устодаш Ҳақдодов Ҳақпараст буд.
Хобаш хоби парешони шайтонӣ не, балки хоби раҳмонӣ будааст.
РОҲИ НАҶОТУ МУБОРИЗА
Абўалӣ гўё аз хоби гарони ғафлат бедор шуда бошад, ки сиёҳию тумани пеши чашмонашро гирифта оҳистаоҳиста пароканда мешуд. Дар дилаш қувваю неруи нав пайдо гардид. Ҳазорон бор шукри Худои мушкилкушойро ба ҷой меоварду ба даргоҳаш муноҷоту дуо мекард. Ў худ ба худ фикр мекард ва ба худ савол медод, ки охир ман дар ҳаққи Қаробоев Э. ягон бадиеро раво надидам, чаро ў маро дар айни авҷи камолотам маҳв кардан мехоҳад. Наход тақдири бобою падарам боз насиби ман шавад?!
Ногоҳ ба хаёлаш парвандаи ҷиноятии №77-9 омад.
Сабаби ин таъқиб ва майли аз миён бурдани ў ҳамин парвандаи бехосият мебошад. Охир дар ин парванда ном ва тахаллуси ҷинояткорони хавфноку хатарноки хусусияти трансмиллӣ дошта зикр гардида буд. Мумкин Қаробоев Э. манфиатдори ҳамин парванда аст, ки солҳо касе ин ҷиноятро кушода наметавонаду парванда мавқуф гузошта мешавад. Ана гап дар куҷо будааст! Бояд коре кард, ки ин ҷиноят кушода шавад. Ҳақ ба ҳақдор расад.
Абўалӣ саҳар ба Қаробоев Э. телефон карда гуфт:
– Мўҳтарам сардор, дирўз соатҳои 10:30 ногаҳон шикамам ба дард омаду бемор шудам, тез ба беморхона омадам. Мегўянд, ки ба бемории исҳоли хунин ё домана гирифтор шудаам. Маро ба шаҳри Душанбе фиристоданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё