Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Аз паси ў ду марди ношинос ҳам шитобон аз дунболи Бўҳтонбоев рафтанд.
Абўалӣ аниқ донист, ки гургони тездандон ба ҳуҷуми ғизол тайёрӣ дида истодаанд. Сели фикру хаёл ба сараш мерехт ва чӣ кор кардану барои раҳоӣ аз доми бало нақша мекашид. Ў худро дар паси буттаҳои калони настарину марминҷон, ки ба ҳам печида буданд, пинҳон карда, ҳар як ҳаракату гуфтугўйи онҳоро бо телефони мобилӣ сабт мекард. Баъд аз ду-се дақиқа Бўҳтонбоев бо ҳамроҳии он ду ношинос, ки ниқобҳояшонро аз сар мегирифтанд, аз дохили бино баромаданд. Овози онҳо кам-кам аз дур шунида мешуд, ки мегуфтанд:
– Дараш маҳкам, ҳарчанд онро кўфтем, касе ҷавоб надод. Ў ба куҷо рафта бошад?
Касе дари мошинро кушода гуфт:
– Куҷо меравад, ҳоло вақти хўрокхўрӣ пайдо мешавад. Агар наояд, ба осмон равад, аз пойҳояш мегирем ва гар бар замин фурў равад, аз гўшҳояш дошта мекашем.
Ин садоро Абўалӣ шинохт, садои сардораш Қаробоев Э. буд. Мошин рафту Қаробоев Э. ба чор тараф назар карда, оҳиста-оҳиста вориди бино шуд.
Абўалӣ ба дафтари кориаш нарафт. Ў аз болои девори боғ ба берун ҷаст ва ба роҳи калон баромад.
Мошинеро дошта гуфт: – Маро ба назди бозор баред!
Ў аз мошин фаромада, ба дўкони рўзномафурўшӣ рафта, ду-се дона рўзнома харид ва ба тарафи хонааш, ки дар қабати дуюм аз як ҳуҷра иборат буду барои иҷоранишинияш моҳе як сад панҷоҳ сомонӣ пардохт мекард, равон шуд. Аввал ба атроф назар кард, ҳеҷ кас наменамуд. Ноаён дохили хона шудан замон дарро аз дарун қуфл кард. Дарду алам дар ғамхонаи дилаш лона гузошта, ҷисму ҷони ҷавонашро месўзонд. Ў худро болои кат ҳаво дода, дуру дароз ба шифти хона нигарист, баъд ашки чашмонашро пок карда, рўзномаҳоро аз назар гузаронид. Ногаҳон дар рўзномаи «Ҷумҳурият» чашмаш ба акси устодаш Ҳақдодов Ҳақпараст афтод.

пешина
аз 191
навбатӣ