Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Солу замоне мерасад, ки наберагонатон ба ноўҳдабароию ҳаромхўриҳоятон, ки боиси қашшоқии мардуми оддии меҳнаткаш шудааст, лаънатҳо мефиристанд. Дар пеши таърих рўйсиёҳ мешавед!
Абўалӣ бо рўймолча арақи сарди сару рўяшро пок кард, пас аз он тугмаи телефонро пахш кард. Баъд аз чанд дақиқа боз садои занги телефон баланд шуд. Ў ҷавоб надод ва телефони мобилиро хомўш кард. Пас аз як дақиқа занги телефони идора садо дод. Абўалӣ бо хаёлу хотираи мушавваш гўшакро бардошт.
– Ало, ало, – садои Бўҳтонбоевро шинохту тез гўшакро ба ҷояш гузошт.
Боз занг такрор шуд. Телефони идораро ҳам хомўш кард. Абўалӣ худ ба худ фикр мекард, гургони фикру андеша гўё қалбашро тала мекарданд. Шояд Бўҳтонбоев аз ў узр мехоста бошад ва ё таҳдид карда, ҳиллаю найранги навбатиро ба кор бурданӣ бошад? Абўалӣ ба соат нигарист, ақрабаки соат ба ёздаҳ наздик мешуд. Оҳи дардноке кашида, аз ҷояш хест ва ба ҳавлӣ баромад.
Гурусна буд, аммо қатраи об ҳам аз гулўяш намегузашт.
Худро ғариб ва яккаю танҳо ҳис кард. Дар саҳни идораи прокуратура боғчае буд. Ба гўшаи дури боғ рафта, дар болои курсии худсохти аз кундаи бед тайёркардаи посбон нишаст.
Дар ҳамин вақт мошини сиёҳшишаи тамғаи «Мерседес»-и қиматбаҳои навбаромади хориҷӣ омада, дар назди даромадгоҳ истод. Ба пешвози «меҳмонон»
Қаробоев Э. баромад. Аз даруни мошин Бўҳтонбоев ҳамроҳи се нафар одамони қавиҳайкали ношинос баромаданд. Қаробоев Э. дар ҷойи Бўҳтонбоев нишаст ва он се нафари ношинос ҳам боз дар мошин нишастанд.
Бўҳтонбоев аз беруни тирезаи мошин сарашро ба дохил андохта, чизеро тез-тез фаҳмонд ва шитобон вориди бино шуд.

пешина
аз 191
навбатӣ