ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Хавотир шудам ва хаёл кардам, ки он аҳду паймонамонро аз серкорӣ фаромўш кардед. Аз ҳамин сабаб ба шумо занг задам. Абўалиҷон, писарам, он гуфтагиям тайёр дар дастам, кай ва дар куҷо вомехўрем?
Абўалӣ ҳайрон шуда фикр мекард, ки ин марди шайтонтабиати рўбоҳчашм аз куҷо рақами телефони дуюмашро, ки махфӣ буд, дастрас карда бошад? Баъди каме таваққуф худро ба даст гирифта гуфт:
– Раисбобо, шумо ин рақами телефони маро аз куҷо пайдо кардед?
– Абўалиҷон, ман ба ваъдаам вафо кардам, «ҷўянда – ёбанда» гуфтаанд. Бесаброна интизори суханони шумоям.
Гўед, ҷони ширин, дар куҷо вомехўрем?
Абўалӣ медонист, ки ҳар як сухани ўро гўш карда навишта мегиранд ва куҷо рафтанашро ҳам ба навор гирифта сабт мекунанд. Саранкабут бо ғундалчаҳояш ба тортанию домафканӣ сар кардаанд. Ў ба ғазаб омада гуфт:
– Мўҳтарам, Бўҳтонбоев Кайфулло Улфатбоевич, ман тифл ва ҷони шумо нестам. Ҳомӣ, назоратчии қонунҳои амалкунандаи Конститутсияи (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои халқу ватанам хизмат мекунам.
Ба шумо ягон ваъда ҳам надодаам. Шумо маро нашинохтед, ман фарзанди ягон амалдору бойбача нестам. Як ятими бепадару бемодари дар ятимхонаю парваришгоҳи давлатӣ тарбия ёфтаам. Аз ҳамин сабаб хиёнат ба миллату ватан нахоҳам кард, то ки дар рўзи Растохез дар назди Офаридгору Пайғамбари гиромияш (с) рўйсиёҳу шарманда нахезам. Ифтихори миллию ватандориямро ба тилло, марворид ва миллионҳо долларҳои ҳароми ришваю рибои шумо намефурўшам.
Шумо хато кардед, дар назди қонун ҷавоб хоҳед дод! Ман писари шумо нестам, фарзанди Ватанам – Тоҷикистон ҳастам. Ватан маро хўронду тарбия карда хононд. Оқи Ватан намешавам. Шумо барин роҳбарон хиёнат ба миллату ватан карда, заводу корхонаҳои азимро фурўхтед, замину хоҷагии қишлоқро ҳам фурўхтан мехоҳед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё