ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Дандонҳои тези сагҳо ханҷари тезро мемонд, оби зард аз забонҳои сурхи овезонашон мечакид. Ў дар миёни ду дарё, дарёи раҳмат ва дарёи лаънат дармонда роҳи наҷот меҷуст. Даст ба дуо бардошта, аз даргоҳи Худои бениёз имдод металабид.
Ногаҳон садои тиру камон баланд шуд. Ду саги калон аз захми тир ба замин афтоданд. Сайёди сабзпўше камон дар даст тир парронда, сагонро дастгир мекард. Сагон яке лангон, дигаре ғалтон аз соҳил дур шуданд. Сайёди ниқобдор ба тарафи Абўалӣ даст афшонда, ниқобашро аз сараш гирифт ва гуфт: – Биё, аз хавфу хатар раҳоят кунам!
Симою садои сайёд ба Абўалӣ хеле шинос менамуд.
Гўё ўро солҳо дидааст ва овози ўро борҳо шунидааст. Дар ҳамин вақт садои азони бомдодӣ Абўалиро аз хоби раҳмонӣ бедор кард. Ў худро дар болои ҷойнамоз дид ва зуд аз нав вузў карда, бори аввал ба масҷид равон шуд.
Баъд аз адои намоз роҳравон дар атрофи хоби дидааш фикр мекард. Сурату садои сайёд ўро дар ҳайрат оварда буд. Охир, ин шахси наҷотбахш ба касе монанд аст. Ў кӣ бошад? Ин фикр доимо дар сараш чарх мезад ва ў роҳнамою наҷотдиҳандаи худро меҷуст.
НАЙРАНГУ ДОМИ НАВБАТӢ
Абўалӣ дар дафтари кориаш нишаста буд. Парвандаи ҷиноятии раиси ҷамоат Бўҳтонбоевро хонда, оиди заминҳои обиро ғайриқонунӣ ба шаҳрвандон бар ивази пора доданаш фикр мекард. Дар ҳамин вақт садои занги телефони мобилӣ баланд шуд. Ў ҷавоб дод:
– Ало, гўш мекунам.
– Мўҳтарам Собирзода, маро шинохтед?
– Бале, ман, вале шуморо нашинохтам.
– Мебахшед, каме вақти қимататонро гирифтам. Ман раис Бўҳтонбоев, чанд рўз интизори занги телефони шумо будам, аммо занг назадед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё