ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Ҷойнамозро паҳн карда, 40 ракъат намоз хонд ва дар охир «Авроди фатҳия»-и Мир Сайид Алии Ҳамадониро хонда, ба даргоҳи Худои мушкилкушо дуо карда, дар охир гуфт:
Ё Раб, ҷумла халоиқ ба мақсуд бирасон,
Шояд ки дар он миён яке ман бошам.
БОБОЮ ПАДАРАМРО ДАР ХОБ ДИДАМ
Дар болои ҷойнамоз Абўалиро хоб бурд. Дар хоб худро лаби як дарёи азиму пуртуғён дид ва хост, ки аз об гузарад. Об гоҳе сиёҳи тира менамуд ва гоҳ софи кабкабуд. Ҳамин ки пой бар лаби об гузошта, мехост аз соҳил ба соҳили дигар гузарад, оби дарё сип-сиёҳ мешуд.
Сели калоне омаду ўро гирифта бурд. Баъди чанд лаҳзае худро дар ҷазирачае дид, ки аз ду тарафаш оби дарё равон аст. Оби дарёи тарафи чап сип-сиёҳ ва оби дарёи тарафи рост каб-кабуди софи беғубор буд. Ногоҳ садое аз тори оби сиёҳ баланд шуд, ки мегуфт:
– Абўалӣ, ба тарафи оби дарёи сиёҳ пой нагузор, ки ҷаҳаннам аст. Ба тарафи оби дарёи софи беғубор рав, ки роҳ ва манзили наҷот мебошад.
Ба тарафи садо нигарист ва дид, ки як пирамарди қавиҳайкал аз дасти як ҷавонмарди харобу ларзон дошта, бо даст ишора мекунад, ки тарафи мо наоед. Дар сару гардани он ду кас сони сафед, монанд ба эҳроми ҳоҷиён ва ё кафани мурдагон. Боз садо аз дуриҳои дур омад, ки мегуфт: – Писарам, мо бобою падарат ҳастем, номаро хон, ибрат аз ҳоли мо гиру ба тарафи рост рав!
Замоне шамоли сахте вазиду он ду нафарро ба сўйи осмон бардошта бурд ва дар паси абрҳои сиёҳу тира нопадид гардонд. Абўалӣ ба тарафи рост рўй гардонд ва хост, ки пой ба оби соф монда, аз дарё гузарад. Дар ҳамин вақт аккоси сагони бисёр ба гўшаш расид. Ба тарафи соҳил нигоҳ кард. Сагони сиёҳу зарди бисёре аккос зада, ба тарафаш мехоҳанд ҳамла кунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё