Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Раис каме фикр карда, чӣ кор карданашро надониста, аз дар таъзимкунон пуштнокӣ баромад. Абўалӣ дар обу арақ ғўтида буд. Баъди чанд дақиқа дарро нимроғ кушода, ба роҳрав нигоҳ кард. Дид, ки раис аз дафтари кории Қаробоев Э. баромада рафт. Абўалӣ аниқ донист, ки дар атрофаш анкабут тор танида истодааст ва ин анкабут мехоҳад, ки ўро ба дом афтонда, дар айни авҷи камолот, чун падари армонию ҳасратияш маҳв созад.
Хоб аз сараш парид. То ба соатҳои чори шаб аз як паҳлу ба паҳлуи дигаре гашта, фикр мекарду чора меҷуст.
Аз печу тоб хўрдану фикр кардан болини мулоим ба назараш санги сахти хоро менамуд, ки баданашро ба дард овард. Гўё садое ба гўшаш омад, ки хез аз хоби ғафлат, дуо кун, имдод аз Холиқи арзу само талаб намо! Ҷаста аз хобаш хеста, ҷомаро ба китфонаш гирифта, ба берун баромад. Осмони каб-кабуд пур аз ситора буд. Ситорагон ба сўяш чашмак мезаданд. Абўалӣ аз илми нуҷум (ситорашиносӣ) каме бохабар буд, аз ҳамин сабаб ду сайёраро меҷўст. Сайёраи Муштариро, ки мизоҷашу қувваташ гарм ва тари мўътадил аст ва сайёраи Уторидро, ки мизоҷу қувваташ сард ва хушки бо ҳам омехта аст. Ў дақиқаҳои зиёд ин ду сайёраро меҷуст ва ба даргоҳи Худованд дуо мекард, ки сайёраи Муштариро ба ў нишон диҳад.
Муштарӣ сайёраи хушбахтӣ ва кушоиши мушкилҳост.
Мабодо сайёраи Уторид ба чашмаш намояд, ки боиси бадбахтияш гардад. Ногаҳон Муштарии бахтовар намудор гардид. Абўалӣ дер гоҳ ба дурахшидану чашмакзании Муштарӣ нигарист. Гўё ситора ба сўяш чашмак зада механдид ва мегуфт: «Хуш ба ҳолат!». Аз дил гузаронид, мабодо Уторид ҳам пайдо шавад, аз ҳамин сабаб чашмашро аз осмон канда, ба замин нигарист. Дид, ки офтобаи пур аз оби гарм дар наздаш истодааст. Шитобон таҳорат (вузў) карда, ба хона даромад.

пешина
аз 191
навбатӣ