ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Раис чун булбули гўё қариб як соат гап зада, худро сафед мекард ва дар охир курсиро наздиктари Абўалӣ монда гуфт:
– Мўҳтарам прокурор, кор бе камбудӣ намешавад, ман айб дошта бошам ҳам, аз шумо илтимос дорам, ки ҳамин парвандаро хобонед. Хизмат мекунам.
Абўалӣ аз шунидани калимаи «хизмат» чизеро дарк кардагӣ барин, лаҳзае ба фикру андеша фурў рафт ва сонӣ сар бардошта гуфт:
– Аввал, ин ки агар шумо гунаҳкор набошед, ягон хизмататон даркор нест. Шумо ба ман не, ба Ватан, ба халқ хизмат кунед!
Раис афзуда гуфт:
– Дар ин давра медонед, мардум ба чӣ корҳо машғуланд? Шумо шабу рўз кори давлата мекунед, чанд сомонӣ маош мегиред?
Абўалӣ фаҳмид, ки ин мард ўро ба дом афтонданӣ аст, аз паси ин «хизмат» одамони махсуси Қаробоев Э.
истодаанд. Барои фаҳмидан даст ба ҷайб бурда, тугмаи сабти телефони мобилиро зер карда гуфт:
– Мўҳтарам раис, агар парвандаро хобонам, шумо ба ватану халқи камбизоат чӣ хел хизмат мекунед?
Раис гуфт:
– Мўҳтарам прокурор, шумо чӣ ин қадар ғами ватану халқро мехўред? Ғами худатонро хўред!
Раис чун рўбоҳи маккор ин тарафу он тараф нигоҳ карда, оҳиста бо ангуштонаш ишора карда гуфт:
– Панҷ-панҷ ҳазор коғази кабуди ришдор. Ҳозир хоҳед ҳозир, агар ҳозир нахоҳед, дар ин ҷо нахоҳед, дар дигар ҷой медиҳам. Худатон ҷойро интихоб кунед, ба ман бовар кунед.
Абўалӣ кордонию сипоҳиро аз даст надода гуфт:
– Раисбобо, ман рақами телефони шуморо дорам, кадом вақте ки занг задам, дар куҷое, ки бошад, бо ҳам вомехўрем. Худо ҳофизу шоҳид. Ҷавоб!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё