ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Абўалӣ рамузи гапро зуд фаҳмид. Хошоков Н.
бошитоб дохили дафтари кориаш шуд ва палтои дарози кисакалонашро овезон карду дарро пўшида, баромад. Аз тарсу ларз шимаш тар шуда буд. Қуфл кардани дари ҳуҷраи кориашро фаромўш карда, ба тарафи ҳоҷатхона тез давид. Роҳравро оби чакидаи шими ў ҷо-ҷо тар карда буд. Абўалӣ чун Самаки айёру чекисти пухтакор бо шитоб вориди дафтари кории Хошоков Н. шуд. Ў назар ба палтои овезон кард ва даст ба ҷайби палто бурда, телефони худашро, ки дар вақти баромадан ноаён ба ҷайби халтамонанди палтои Хошоков Н. монда буд гирифта, тез ба дафтари кориаш баргашт. Дарро аз дарун қуфл карда, гуфтугўйи Қаробоев Э. ва Хошоков Н.-ро аз аввал то ба охир аз сабти телефони мобилӣ гўш кард.
Аз ин кори айёронаи Абўалӣ Хошоков Н. хабаре надошт ва гумоне ҳам накард. Аз ҳамин рўз сар карда, муносибати Қаробоев бо Абўалӣ тамоман дигар шуд.
Сардор ба ў супоришҳои ҷиддӣ намедод ва бо ў чун як корманди ноўҳдабарою шубҳаовар муносибат мекард. Аз паси Абўалӣ ҷосусҳои махсус гузошта буд, ки ҳар кору кирдори ўро назорат мекарданд. Дар дафтари кории Абўалӣ асбобҳои махсуси сабткунандаи овозро ноаён гузошта буданд. Мехостанд ин ҷавонмарди ҳақпарастро чун ниҳоли навсамар решакан кунанд.
Рўзе Қаробоев Э. парвандаи ҷиноятии раиси ҷамоатеро, ки дар фурўхтани замин гунаҳкор дониста мешуд, ба Абўалӣ пешниҳод кард. Корманди шўъбаи умумӣ парвандаро ба Абўалӣ расонд. Ў пас аз мутолиаю шинос шудан бо парванда раиси ҷамоатро ба дафтари кориаш даъват кард ва баъди пурра хондани парванда гуфт:
– Мўҳтарам Бўҳтонбоев Кайфулло, шуморо дар хариду фурўши заминҳои обӣ, ки мувофиқи қарори ҳукумат манъ аст, гунаҳкор меҳисобанд. Дар ин бора чӣ гуфта метавонед?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё