ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа
– Ҳа, муши мурда, ту ҳам аз боварӣ баромадӣ! Ту танҳо ба ман итоат кун, на ба Собирзода! Кӣ гуфт ва чаро парвандаи №77-9-ро ба ў нишон додӣ? Туро ва Собирзодаатро аз кор сабукдўш мекунам! Парванда ҳоло дар дасти кист?
– Дар дасти Собирзода!
– Оҳ, каждуми таги бўрё, сирро ошкор кардам, гўй!
Як дақиқа ба ту, хоин, вақт! Баъд аз як дақиқа парванда дар рўйи мизи ман бошад, вагарна чунон ҷазоят медиҳам, ки ҳаргиз то охири умрат фаромўш нахоҳӣ кард!
Хошоков Н. дар як мижа задан парвандаро дар болои мизи кории сардораш ҳозир кард. Қаробоев Э.
парвандаро аз рўйи миз гирифта, дар даруни сандуқи оҳанин (сейф) гузошта, дари онро қуфл карда гуфт:
– Ҳой, Хошоков, ман хато кардам, ки ин хел парвандаи ҷиноятии хусусияти сиёсидоштаро боварӣ карда, ба ту барин нодони ахмақ додам! Акнун ин парвандаро худам тафтиш мекунам. Ин сирри давлатӣ аст. Агар ягон гапу сиреро тую Собирзодаат ошкор кунед, агар давлат ҳам шуморо ҷазо надиҳад, ман шуморо ҷазо медиҳам. Ҷазои сахттаринро ба шумо раво мебинам. Агар давраи Амир Олимхон мешуд, гўшу бинию забонатонро бурида, дар кўча сар медодам.
Фаҳмидӣ, Хошоки қади роҳ!
Хошоков аз ҷояш хеста, ду даст пеши бар таъзимкунон гуфт:
– Маро бубахшед, сардорам, дигар такрор намешавад! Ман бо шумо зиндаам!
Қаробоев Э. каме ба худ омада гуфт:
– Рав, ба дафтари кориат, бе иҷозати ман то ба ҳоҷатхона ҳам намеравӣ, фаҳмидӣ!
– Бале, сардорам! – гўён пуштнокӣ, таъзимкунон дафтари сардорро тарк кард. Ў Абўалиро дар роҳрав дид ва аз тарси сардор ларзида ба ақибаш нигариста гуфт: – Бо ман гап назан, сардор мебинад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё