ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа
– Мўҳтарам прокурор, аз шумо як хоҳиш дорам.
Парвандаи ҷиноятии №77-9-ро дар назорати ман вогузор кунед. Ман ҳамроҳи муфаттиш, Хошоков, оиди кушода шудани ин ҷиноятҳои вазнин як қувваозмоӣ мекунем.
Прокурор табассуми тамасхуромезе карда, бо киноя гуфт:
– Собирзода, ин кори осон нест. Солҳост, ки муфаттишони шўъбаи корҳои дохилию прокуратура чӣ амалиёту санҷишҳоеро накарданд, ин ҷиноятро кушода наметавонанду ту мекушоӣ?! Собирзода, ин дархости ту ҳамон зарбулмасали халқии «Аспро наъл карданд, қурбоққа ҳам пояшро дароз кардааст»-ро ба ёд меорад.
Аз ин сухани таҳқиромези прокурор Қаробоев Э. дунё дар пеши чашмони Абўалӣ гўё чарх заду рўзи равшан барояш торик шуд. Ў дақиқае карахт буд ва дар охир фикре дар сараш омад, ки шояд дар таги коса нимкосае ҳаст ва гулўяшро афшонда гуфт:
– Мўҳтарам, Қаробоев, кушода шудан ё нашудани ҳар як ҷинояти сабук ё вазнин ин ба кордонии шумо барин сардору ман барин муовину муфаттиш вобаста аст.
Нафъи қурбоқаи ҳашароти зараррасонро несткунанда аз аспи лағатзани газанда барои ҷомеа беҳтар аст.
Қаробоев Э. мушташро гиреҳ карда, бо зарбаи сахт ба миз зад ва бо ғазаб гуфт: – Собирзода, дар ҷоят шин!
Хошоков, баъд аз анҷоми маҷлис ба назди ман даро!
ГУРГ ДАР ПЎСТИНИ ГЎСФАНД
Ҷамъомади назоратии назди прокурори шаҳр дер давом накард. Ҳамаи кормандон дафтари кории сардорро ғайр аз Хошоков Н. тарк карданд. Хошоков Н.
чун муши дар об таршуда, ки дар назди гурбаи тездандон оҷизу нотавон мондааст, дар рў ба рўйи Қаробоев Э. чун гунгу кар ларзида меистод. Қаробоев Э. бо чашмони танги бодомии суп-сурхаш ба сурату симои Хошоков Н.
дер гоҳ бо қаҳру ғазаб нигариста гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё