Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Бод лабрези фараҳ паймонаи ҷону дилаш,
Ҳар куҷо оне, ки бошад худ ба паймони падар.

Хонаи бахту тараб кошонаи ў мешавад,
Чун ҳамесозад ҷадал бар хайру эҳсони падар.

Давлати дунё насибаш мешавад дар зиндагӣ,
Пос медорад агар ҳар резаи хони падар.

Ҳар ки по бар ҷодаи некӣ дар олам мениҳад,
Насли боровар шавад дар боғи армони падар.

Гар камар бар хизматаш бандад чу фарзанди асил,
Нўши ҷонаш мешавад аз лутфи Ҳақ нони падар.

Дасти ў гирад дар ин дунёву он дунё, Худо,
Он ки мегардад асо бар қадди ларзони падар.

Қомати чун камону дасти ларзони падарро дидам ва надонистам, ки ин марди харобу лоғари пўсташ шабеҳи коҳ зард сабабгори ҳастии ман дар ин дунёи гузарону фонӣ аст. Ҳоли табоҳашро дидаму дасти ларзонашро нагирифтам. Ин манзараи ғамангезтарин, ҳеҷ гоҳ аз пеши назарам дур намешавад. Он ҳодисаро то ба охири ҳаётам фаромўш карда наметавонам. Чӣ бояд кард? Коре кунам, ки васияти бобою падарам амалӣ шавад. Пас аз иҷро шудани васияти онҳо шояд ки арвоҳи бобою падарам аз азоби ҷаҳаннами Асфаласофилин (қабати аз ҳама даҳшатноктарин Дўзах) озод шуда, ба Арафот баргашта, каме шод гарданд. Ман бояд душманони падарамро ёбам.
Акнун фаҳмидам, ки Шермати Шағол на фақат душмани падарам, балки ҷинояткори ашаддию душмани ватану миллат мебошад. Бояд ўро пайдо кунам.
Бо ин фикрҳо шаби дарозро рўз кард. Саҳари рўзи душанбе дар маҷлиси назоратии прокуратураи шаҳри Бўстон Абўалӣ даст боло карда, аз ҷояш хеста гуфт:

пешина
аз 191
навбатӣ