Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Шаб, вақте ки бекор шудам, хонда мебароям.
Парвандаро дар болои мизи назди ҷевон гузоред.
Баъд аз соати 9-и шаб ба хондани парванда машғул шуд ва то соати 1-и шаб давом дод. Парванда гурўҳи калони қотилону ғоратгарон ва нашъаҷаллобони 25 нафараро дар бар мегирифт. Дар қатори номҳои ин ҷинояткорон номи Бўрихонов Шерматро бо тахаллуси «Шағол» дар чанд варақи парванда пайдо кард.
Абўалӣ акнун дарк кард, ки Шермати падарандараш қотилу ғоратгар, авбошу нашъаҷаллоби ашаддӣ будааст.
Ў лаҳзаеро ба хотир овард, ки чандин сол пеш падараш Сабур ҳамроҳи амаки Ҳабибуллоҳ ба суроғаш омада буданд. Дар пеши чашмонаш Шермати қотил бо ду даст аз гиребони падари бемору бемадораш маҳкам дошта, аз худаш боло бардошта, сахт ба болои роҳи сангфарш ҳаво дод. Ба ин нигоҳ накарда, пояшро дар гулўи Сабури нимҷони беёдшуда монда, зер мекард, аммо фарзандаш Акмал бетарафона ин манзараро назора мекард. Охир ў намедонист, ки ин марди маслуқи пўсту устухонгашта падараш аст. Абўалӣ аз дилу ҷигари сўзон худро маломат карда мегуфт:
– Дареғо, дар он вақт падарамро нашинохтам. Аз гиребони падар на Шермати қотил, балки ман дошта будам, ки бетарафӣ нишон додам. Гўё шоир Нуриддини Амриддин ин шеърро дар ҳаққи ман гуфта бошад:

Ҳайфи он дасте, ки гирад аз гиребони падар...
(Лоиқ)

Бишканад дасте, ки гирад аз гиребони падар,
Хоки раҳ созад даме умеду армони падар.

Шод бодо он писар, к-аз рўйи меҳру шафқат-аш,
Дар дами афтодагӣ гардад нигаҳбони падар.

пешина
аз 191
навбатӣ