Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Дар вақти санҷиш маълум гардид, ки бе розигии падари ноболиғон ва тасдиқи он аз тарафи идораи нотариалии давлатӣ ва якчанд ҳуҷҷати тасдиқнашуда ҳалномаи судӣ бароварда шудааст.
Бо кордонию ҳақпарастии устод Ҳақдодов ҳалномаи суди шаҳрӣ аз тарафи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бекор карда шуд. Аз фурсат истифода бурда, дар асоси моддаҳои 58, 59-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни забон, бо талаби Акмалу Юлдуз ному насабашон низ тағйир дода шуд. Ному насаби Акмал ба Собирзода Абўалии Сабур, ном ва насаби Юлдуз ба Собирзода Ситорабонуи Сабур дар ҳуҷҷатҳои ақди асноди шаҳрвандӣ сабт гардид.

ФАЪОЛИЯТИ КОРӢ

Абўалӣ донишгоҳро бо дипломи аъло хатм намуд.
Ўро ҳамчун таҷрибаомўз ба шаҳри Бўстон фиристоданд.
Дар давоми ду соли корӣ ҳамчун ҳуқуқшиноси навкори ботаҷриба бисёр ҷиноятҳои вазнинро кушод. Аз ҳамин сабаб ўро яку якбора муовини прокурори шаҳри Бўстон таъин карданд.
Рўзе муфаттиш як парвандаи калони ҷиноиро, ки зиёда аз ҳазор варақро дар бар мегирифт, ба назди Абўалӣ овард ва илтиҷоомез гуфт:
– Сардор, муддати зиёдест бо ин парвандаи ҷиноятӣ чандин муфаттишон санҷиш мебаранд. Солҳост, ки ягон кас муаммои ин парвандаро кушода наметавонад.
Мумкин дар паси парда мансабдорони манфиатдори бонуфузе бошанд? Шумо инро хонда, ба ман як маслиҳат диҳед.
Абўалӣ дар аввал инкор кард ва дар охир ба сараш чӣ фикре омад, ки гуфт: – Хошоков, ҳоло вақт надорам.

пешина
аз 191
навбатӣ