Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

(Ба ривояти Имом Муслим).
Субҳи рўзи истироҳат Акмал ба суроғи дўсти падараш омад. Ў Ҳабибуллоҳу Мунисаро дар хонаашон пайдо кард. Онҳо дар гирди меҳмон чун парвона гардиш карда, хурсандӣ мекарданд. Акмал хоби дидаашро ба онҳо нақл кард. Ҳабибуллоҳ гуфт:
– Акмалҷон, барои кушодани муаммои шумо ҳуқуқшиноси нотарсу варзида лозим аст. Ҳамин хел шахсро медонед?
Акмал каме ба фикру андеша фурў рафт ва сар бардошта гуфт:
– Ин хел шахс устодам Ҳақдодов Ҳақпараст, лекин ў ба ман ёрӣ медода бошад?
Субҳи рўзи душанбе Акмалу Ҳабибуллоҳ бо иҷозат вориди дафтари кории устод Ҳақдодов Ҳақпараст шуданд. Баъд аз пурсу пос, Ҳабибуллоҳ қиссаи Собиру Сабур ва Акмалу Юлдузу Шермати Шағолро аз аввал то ба охир ба устод ҳикоя кард. Дар охир номаи падари Акмалро ба тарафи Ҳақдодов Ҳақпараст дароз карда гуфт:
– Устоди меҳрубони ҳақиқатҷў, ин номаро хонед!
Устод Ҳақдодов Ҳ. номаро бо диққат, аз аввал то ба охир хонд ва дар охир оҳи чуқуре кашида гуфт: – Акмалҷонро на шогирд, балки ҳамчун фарзанд меҳисобам. Чӣ коре, ки аз дастам ояд, барои ў дареғ намедорам.
Устод Ҳақдодов Ҳ. аз болои ҳалномаи суди шаҳрӣ аз номи Акмалу Юлдуз ва худаш ҳамчун ҳимоятгар ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикояти кассатсионӣ навишт. Дар шикоят оварда шуда буд, ки фарзандхонии Бўрихонов Улуғбек Шерматович ва Бўрихонова Ойқиз Шерматовна аз тарафи Бўрихонов Шермат бар хилофи моддаҳои 125, 126, 127, 128, 129, 130, 131, 133, 134, 136, 137-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Бояд мувофиқи талаботи моддаҳои 140, 141, 142, 143, 145-
и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалномаи суди шаҳрӣ оиди фарзандхондӣ бекор карда шавад.

пешина
аз 191
навбатӣ