ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Аввалан ин ки шумо ҳуқуқшинос ҳам бошед, бояд як ҳимоятгар (адвокат)-и донишмандро интихоб кунед, то ки фарзандхонии Шерматро дар асоси ҳалномаи судӣ ғайриқонунӣ ҳисобанд. Ном ва насаби пештараатонро барқарор кунед. Шиносномаю шаҳодатномаатон (диплом) ба ному насаби аслии пештара сабт карда шавад. Барқарор кардани номи бобою падар ин қарзи аввалини фарзандиятон ва хизмати шумо дар назди рўҳи онҳо мебошад.
ДАР ОРЗУИ НОМУ НАСАБИ ПАДАРӢ
Ман аз ҷавру ҷафои ин замон девона хоҳам шуд,
Зи хешу ошно аз дасти ғам бегона хоҳам шуд.
Зи бас, к-афсонаи худ бо дару девор мегўям,
Ба расвоӣ миёни мардумон афсона хоҳам шуд.
Амир Хусрави Деҳлавӣ
Баъд аз хондани “Васиятнома”ҳои бобою падар дар тафаккури Акмалу Юлдуз инқилоби нави фикрӣ ба амал омад. Гўё онҳо дар доми тилисму ҷоду буданду ин “Васиятнома”ҳои бобою падари дар орзуи фарзанд буда чун шамшери тез пардаи ғафсу оҳанини он ҷодуро дарид.
Онҳо дар хоби ғафлат чун кўру кар хобида буданд, номаи падар аз хоби гарон бедорашон кард. Акмал шабу рўз дар атрофи ин муаммои сарбаста фикр мекард ва роҳи кушодани онро меҷуст. Ў шабе падарашро дар хоб дид, ки дар таги китфонаш чигас (асобағал), пойҳояш овезон, ҳар тараф алвонҷ мехўрад. Ў бо чашмони пур аз ашк ба Акмал муроҷиат карда мегўяд:
– Писарам, аҳволи зори мани оқи падарро бин ва кўшиш кун, ки оқи падарӣ дар насли мо хотима ёбад! Ту бо мадади дўст ва ҳамсояи ман акои Ҳабибуллоҳ ба қуллаи мурод хоҳӣ расид. Дониста мон, ки Ҳазрати Пайғомбари гиромӣ (с) фармуда: «Беҳтарин эҳсон ин аст, ки шахс дўстии падарашро идома диҳад ва бо дўстони падараш пайванди устувор дошта бошад».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё