Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Гар ман мирам, ба меҳри ту хоҳам зист,
В-ар ман зиям, барои ту хоҳам мурд.

Юлдуз бо диққат ба хондани “Васиятнома”ҳо шурўъ кард ва ў низ чун бародараш мехонду баланд-баланд нола мекард. Қалби занон нозуку латиф аст, гиряву нола хоси онҳост, аз гиряи ҷонсўзу дилгудози Юлдуз сангу чўб, гиёҳу дарахтон, хазандаю паррандагон гўё ба нола омада буданд. Ин ҳолатро Ҳабибуллоҳ дида, дарун-даруну ноаён мегирист. Дар охир Акмал дастонашро ба гардани Ҳабибуллоҳ ҳалқавор андохта, дар канор гирифта гуфт:
– Амакҷон, шумо бўйи падарам мекунед ва падарамро ба ёд меоред. Мо, ятимони бекасу кўйи сағирахона, чӣ кор карданамонро намедонем. Шумо роҳнамою роҳбалади мо шавед! Мо чӣ кор карданамонро намедонем. Дар ёду ғами падару модар ҳалок хоҳем шуд.
Ба ҳоли зори мо нигаред, “Васиятнома”ҳои бобою падари хору зори гирифтори дарду доғи айём, ки охир онҳоро кушта, моро ҳам оқи падар карда, беному бенишон мегардонад.

Ин кунҷи ғаму ҳоли табоҳам дидан,
Бояд ҳама з-он рўйи чу моҳам дидан.
Аз гиря агар кўр шавам, нест ғаме,
Ғам ин-ст, ки рўйи ту хоҳам дидан.

– Дареғо, сад дареғо, дигар рўйи мубораки падарро ҳеҷ гоҳ нахоҳем дид ва барояш хизмате натавонем кард!
Баъд аз чанд соат Ҳабибуллоҳ онҳоро ором карда, насиҳат намуда гуфт: – Акмалҷон, худатро ба даст гир!
Охир ту ҷавонмард ва оқилу донишманд ҳастӣ. Рўҳи хоҳари муштипаратро бардор, ўро насиҳат кун ва чӣ будани ҳодисаро аз аввал то ба охир фаҳмонда деҳ. Чи тавре ки ман аз аввал то ба охир шарҳи ҳоли бобою падаратро ба шумо ҳикоя кардаам, ҳамон хел фаҳмонед.
Сабр кунед, ҳақиқат ҷояшро мегирад. Ҳақ ба ҳақдор мерасад.

пешина
аз 191
навбатӣ