Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Дар охир, каме овозаш кушода шуд ва бо азобе гуфт:
– Акнун ҳамааш ба ёдам омад. Акои Дилшоду Фарҳод дар ҳаққи мо некиҳои бисёре карданд, вагарна мо маҳв мешудем ва чун модару модарбузургам (момоям) аз дасти «падарам» Шермат кушта мешудем.
Ҳабибуллоҳ “Васиятнома”ҳоро, ки дар як коғази зардшуда навишта шуда буд, ба Акмал дароз карда гуфт:
– Ин номаи падарат аст. Ба ман васият карда буд, ки ба шумо расонам. Ин қарзи ҳамсоягию бародариро ба ҷой овардам, акнун дилам қарор гирифт. Иншоаллоҳ, устухонҳои худораҳматии падарат ҳам дар гўр орому сокит мешавад.
Акмал “Васиятнома”ҳоро, аз аввал то ба охир хонд, ашк аз чашмонаш равон шуд ва маротибаи дуюм ба хондан сар кард. Баъди ҳар як ё ду дақиқа бо оби дида гўё рўяшро мешўст. Рўймолчаро бароварда, рухсораҳои аз ашк таршудаашро, ки тамоми рўяшро фаро гирифта буд, пок мекард. Юлдуз ин ҳолатро дида, гоҳе ба бародараш ва гоҳе ба Ҳабибуллоҳ ҳайрону ҳаросон нигоҳ мекард. Ў ҳоло чизеро нафаҳмида бошад ҳам, қалбаш аз гиряҳою ашки чашмони бародараш гўё дар оташи сўзон месўхт.
Ашк аз чашмонаш беихтиёр равон мешуд. Дар охир Акмал номаро бўсида, ба дидагонаш молида гирён-гирён ба хоҳараш рўй оварда гуфт:
– Хоҳарҷон, ин номаи табарруку мубораки падари асосию ҳасратиямонро хон! Акнун, мани нодони гўлу гумроҳ нав фаҳмидам, ки падару бобоям киҳо будаанд.
Оҳ фалак, дод аз дасти ту, ки мо аз насли оқипадарон будаем. Оқипадарӣ аз насл ба насли мо мерос монда будааст. Эй хоҳарҷон, мо ҳам оқипадар мешавем?! – Не!
Не! Ҳаргиз не!

Падар, агар аз ҷафои ту хоҳам мурд,
Ҳам дар талаби розӣи ту хоҳам мурд.

пешина
аз 191
навбатӣ