Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Акмалу Ҳабибуллоҳ рост ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино рафтанд. Воқеаи пайдо кардани амакашро ба декани донишгоҳ фаҳмонданд. Акмалу Юлдуз ва Ҳабибуллоҳ ҳарсе дар хобгоҳи Акмал ҷамъ омаданд.

МУТОЛИАИ “ВАСИЯТ”НОМАИ БОБОЮ ПАДАР

Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон,
Бартар аз дидори рўйи дўстон.

Аз ҳиссиёти дидори рўйи дўст дилҳояшон гурс-гурс мезад, чӣ гуфтану аз чӣ сар кардани суханро намедонистанд. Ҳабибуллоҳ, ки инсони калонсоли кордида, таҷрибаомўхта буд, дар аввал онҳоро ором кард. Баъд аз саломатию хондан, чӣ тавр мактабпарваришгоҳро хатм карданашон пурсон шуд. Онҳо бо тарзи хеле кўтоҳ дар бораи шарҳи ҳоли гузаштаашон ҳикоя карданд. Баъд Ҳабибуллоҳ, барои боз ҳам ором кардану ба ҳаяҷон наовардани онҳо дар бораи падари асосии онҳо будани Сабур ва чӣ тавр фарзандхонд шуданашон аз тарафи Шермати қотил ҳикоя карда, дар охир гуфт:
– Акмалҷон, дар ёд дорӣ, ту мактабхон будӣ ва дар маҳаллаи Кўҳдоман зиндагӣ мекардед. Фасли хазонрез буд. Рўзе ман ҳамроҳи падарат, падари асосиат – ҳамхунат, ки ту аз хуни ў пайдо шудӣ, ба суроғи тую хоҳарат рафта будем. Дар назди чашмони ту, он замон хоҳарат Юлдуз дар хонаи кўдакон буд, Шермати қотил падари бемори чун халтаи пур аз устухонатро, ки нав аз сафари шашсолаи Русия омада буд, лату кўб кард. Агар ҳамсояатон Дилшоди паҳлавон намешуд, он шағоли бахашмомада падаратро зада-зада мекушт.
Аз ин ҳикояи Ҳабибуллоҳ хоҳару бародар боз гирён шуданд, ашк дар чашмонашон чарх мезад. Акмал кимкадом як ҳодисаеро ба ёд оварда, чизе гуфтанӣ буд, аммо ғаму ғусса гулўяшро мефишурд, имконияти гап задан намедод.

пешина
аз 191
навбатӣ