Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Ҳабибуллоҳ субҳи содиқ, баъд аз адои намоз “Васиятнома”ҳоро гирифт ва ба шаҳри Душанбе равона шуд. Соати ҳафт дар даромадгоҳи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо Акмал вохўрда гуфт:
– Ассалому алайкум, Акмалҷон!
Акмал дасту пой гум карда, чун ҳайкал карахт шуда, дар ҷояш меистод. Охир, дар давоми чандин солҳо нахустин маротиба номи давраи кўдакиашро шахсе ба забон гирифта, ўро ҷеғ мезанад. Ҳабибуллоҳ ҳис кард, ки ятими сарсону саргардон азобу шиканҷа дида, ғаму дарди беандоза кашида ўро намешиносад. Бо изтиробу ҳаяҷон гуфт:
– Акмалҷон, ман амакат Ҳабибуллоҳ! Маро дар ёд надорӣ? Аввалин маротиба ба суроғи ту бо ҳамроҳи падарат ба хонаатон рафта будем. Он Шермати қотил дар назди ту худораҳматии падарат Сабурро лату кўб кард, дар ёдат нест? Сонӣ охирин маротиба тую хоҳаратро аз хонаи мо ба ятимхонаю мактаб-парваришгоҳ бурданд.
Акмал аз ин суханони марде, ки чеҳрааш ба ў шинос менамуд, мисли хобу хаёл он лаҳзаҳои ҳайратбору ғамангезтарини давраи кўдакиашро аҳён-аҳён ба ёд меовард. 10-15 дақиқа онҳо моту карахт рў ба рўйи ҳамдигар истоданд. Дар охир аз қаъри дили Акмал мавҷи ғаму дарди айём ҷўш зад ва ў дод гуфта, гирён худро ба бағали Ҳабибуллоҳ ҳаво дод. Онҳо ҳамдигарро ба канор гирифта, дергоҳ гиристанд. Дар ҳамин вақт устод Ҳақдодов Ҳақпараст дар назди онҳо ҳозир шуд ва аз асли воқеа огоҳ гардида гуфт:
– Улуғбек, модоме ки баъди чандин солҳо аз нав амакатро пайдо карда бошӣ, ин хушбахттарин лаҳзаҳои ҳаёти шумо аст. Ин муждаи нек, ба қуллаи мурод расидани туро, Улуғбек, далолат мекунад. Ман ин воқеаро ба роҳбарамон, декан Холиқов, мерасонам.
Имрўз ба шумо ҷавоб! Ба хобгоҳатон рафта, аз дидори ҳамдигар сер шавед!

пешина
аз 191
навбатӣ