Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Пайғомбари Худо (с) фармуд: «Аз Худованд тарсида ва дар миёни фарзандонатон (халқи оддӣ) адолат кунед».
(Ба ривояти Имом Муслим).
3. Хиёнат: Хиёнат яке аз нишонаҳо ва сифоти мунофиқон мебошад.
Расули Худо (с) мефармояд: «Аломати мунофиқ се аст: чун ҳарф занад, дурўғ мегўяд ва ҳар гоҳ ваъда диҳад, хилоф мекунад ва чун амонат дода шавад, дар он хиёнат мекунад». (Ба ривояти Имом Бухорӣ) Дар асоси гуфтаҳои боло ба хулосае омадан мумкин аст, ки ин се падида ва ё ахлоқи некро дар миёни кўдакону наврасон, халқи оддии меҳнаткашу мансабдорон омўзонему эшон аз худ кунанд, ҳамаи қонунҳои мо амалӣ мешаванд. Пеш аз ҳама, мо маҳалгароӣ, фасод, хешу таборчигӣ, ришвагириро аз решааш барканему шахсони арзандаю дорои ахлоқи неку ҳамидаи инсонӣ, дониши волои касбӣ доштаро дар вазифаҳои ба худашон сазовор таъин намоем, ҷамъияти мо тараққӣ хоҳад кард ва сафи ҷинояткорӣ аз миён меравад...
Мунисаю Ҳабибуллоҳ ба суханони ин ҷавони симояш ба онҳо шинос ҳушу гўш шуда, бо диққат назар мекарданд. Ногаҳон Муниса гуфт:
– Овозу симову сурати ҳамин донишҷў ба овозу симову сурати худораҳматии Сабур монанд аст!
Аз ин суханони Муниса чизе ба ёди Ҳабибуллоҳ омад, ки яку якбора оҳ гўён аз ҷояш ҷаста, гуфт:
– Ин худи худаш! Фаҳмидам, номашро Улуғбек гузошта буд он пирамарди қотил.
Муниса гуфт: – Киро мегўӣ?
Ў бо ҳаяҷон гуфт: – Охир ин фарзанди Сабур, Акмал, аст! Ман дар назди рўҳи бобои Собиру рўҳи оқшудаи Сабур қарздорам, бояд номаи онҳоро ба Акмалу Юлдуз расонам. Чӣ кор кунам?

пешина
аз 191
навбатӣ