Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Соати 21-и шаби 11-уми март Ҳабибуллоҳу занаш Муниса бо фарзандонашон дар гирди дастархон саргарми сўҳбат буданд. Ногаҳон наттоқи оинаи нилгун меҳмонони шабакаро муаррифӣ карда, ном ва насаби ба Ҳабибуллоҳ каме шинос, яъне донишҷўйи курси панҷуми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ғолиби чандин озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ Бўрихонов Улуғбек Шерматовичро гуфтан замон аҳли оила хомўш гардида, бо диққат ба оинаи нилгун нигаристанд. Дар аввал баранда ва профессор 10 дақиқа бо ҳам саволу ҷавоб карданд. Навбат ба донишҷў расид. Баранда савол дода гуфт:
– Улуғбек Шерматович, шумо иҷроиши қонунҳои амалкунандаро оид ба кушодани ҷиноятҳои зиддидавлатӣ ва зиддимиллӣ дар чӣ мебинед? Ў гуфт:
– Қонун, инсон, ҷомеа – ин се мафҳум бо ҳам алоқаи ногусастанӣ доранд. Ахлоқ (ростӣ), адлу инсоф ва шуҷоат доштани ҳар фарди мутасаддӣ барои амалӣ шудани қонунҳо шарт ва зарур аст. Чун 99% сокинони ватани азизамон мусулмонанд, бояд чи фарди оддӣ ва чи шахси мансабдошта, ба талаботи қонун ва фармудаҳои Худову Пайғомбар (с) риоя кунанд. Он моддаҳое, ки дар Конститутсияи (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудаанд, аксарияташон ба гуфтаҳои Қуръони маҷид низ алоқаманд мебошанд.

  1. Ростӣ; Худованд дар Қуръони Карим ҳамаи мусулмононро ба сидқу ростӣ амр намудааст, чӣ тавре ки Аллоҳ таъоло мефармояд:
    «Эй касоне ки имон овардаед, аз Худо битарсед ва ҳамроҳи ростон бошед» (Сураи “Тавба”: 119) 2. Адлу инсоф: Адл ва додгарӣ тарозуи дин аст, ки ҳар як инсон дар ҷомеа ба василаи он тамоми корҳои неку бади хешро бар мекашад ва ҳаққи ҳар шахси мустаҳиқро медиҳад. Адлу ростӣ, ин адолат намудан миёни фарзандон, миёни халқу миллатҳо ва қавму қабилаҳо дар бахшиш ва тўҳфаҳо мебошад, то дар байнашон адовату бадбахтӣ пайдо нашавад.
пешина
аз 191
навбатӣ