Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Корҳои илмияш дар рўзномаю маҷаллаҳои даврӣ нашр мегардид.

ОГОҲӢ АЗ “ВАСИЯТНОМА”ҲОИ БОБОЮ ПАДАР

Аввали моҳи март Акмал ба кори дипломӣ дар мавзўи «Роҳҳо ва усулҳои кушодани ҷиноятҳои вазнини хусусиятҳои трансмиллӣ дошта» тайёрӣ медид. Ў адабиёти илмии зиёдеро ҷамъоварӣ карда, шабу рўз машғули мутолиаю навиштан буд. Шабҳо то соатҳои дусе сари ин кори илмияш шабзиндадориҳо мекашид.
Субҳи рўзи 9 март декани факулта Холиқов К. ба Акмал занг зада гуфт:
– Бўрихонов Улуғбек Шерматович шумоед?
Акмал пайхас кард, ки ин овози Холиқов К. аст, гуфт:
– Бале, устоди мўҳтарам, ин манам!
– Улуғбек, пагоҳ соати 10 ҳамроҳи профессор Ҳақдодов Ҳақпараст ба «Шабакаи аввал»-и телевизион меравед ва дар мавзўи «Қонун, инсон ва ҷомеа» баромад мекунед. То пагоҳ адабиёт ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро хонда, хуб тайёрӣ бинед.
Акмал ба фикр фурў рафт, ҳазору як хаёл ба ёди рўзҳои гузашта дар майнааш чарх мезаду ким-чи хел ҳиссиёти нофаҳмое дар дилаш пайдо шуд. Гўё гургони шубҳаву гумонҳои нофаҳмо қалбашро тала мекарданд.
Ҳайрон буд, ки чаро ному насабашро тағйир додаанд.
Ҳамон ному насаби давраи кўдакиаш ба ў писанд буд.
Чаро имрўзҳо ўро на Собиров Акмал Сабурович, балки бо ному насаби дағали ноошно, яъне Бўрихонов Улуғбек Шерматович нидояш мекунанд. Ба ҳар ҳол Акмал барои баромад кардан тайёрии пухта дид. Субҳи 10-уми март ҳамроҳи устодаш профессор, доктори илми ҳуқуқ Ҳақдодов Ҳақпараст вориди утоқи банаворгирии «Шабакаи аввал»-и телевизиони Тоҷикистон шуданд.

пешина
аз 191
навбатӣ