ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Як ҳафта онҳо ба корҳои хоҷагии падари Фаридун, ки ўро Иброҳимбой меномиданд, ёрӣ расонданд. Хислату рафтор ва симову сурати Акмал ба аҳли хонадони Иброҳимбой писанд омад. Дар вақти бозгашт Иброҳимбой ба Акмал муроҷиат карда гуфт:
– Акмалҷон, дар бораи хислатҳои неки шумо Фаридун нақл карда буд, бори дигар исботи онро худам дидам.
Шумо ҳам ба мисли Фаридун чун фарзандам бошед. Дар корҳои илмии Фаридун ёрӣ расонед, ман ҳам шуморо ба қадри имконият кўмак мекунам.
Ҳар ки доно бувад, тавоно бувад,
Ба дониш дили пир барно бувад.
Донишу хиради азалии Акмал мушкилоти иқтисодии ўро ҳал кард. Худову Пайғомбар (с) бандагони хушахлоқу илмдўстро хор намедоранд. Агар он банда аз сидқ дуо кунад, Худованд дуои ўро иҷобат мекунад.
Чунонеки ҳазрати Шайх Саъдӣ дар «Маҷолиснома»-и худ меорад: «Оре, ҷавонмардо, аз сидқ ибодат кун, муноҷот намо, ашки пушаймонӣ аз қалби сўзон ба дидаи гирён равона соз, ки даргоҳи раҳмат беканор аст. Ҳақ таъолои макону замон огоҳ аз сирру асрори ниҳони дили ҳар инсон аст».
Акмал шабона, пеш аз субҳи содиқ аз хоб хеста ду ракъат намоз мехонд ва аз бенавоию бесоҳибии худу хоҳараш Юлдуз ба даргоҳи Худованд дасти дуо бардошта, бо қалби сўзону чашми гирён муноҷот ва дуо мекард. Худованд аз оҳи дили ятимон доимо бохабар аст, ки ўро ризқрасону пуштибонеро дар мисоли Иброҳимбой сабаб гардонид. Баъд аз ин Акмал аз мушкилоте, ба монанди хурду хўрок, либос ва асбобу анҷоми хониш азоб намекашид. Ҳар як санҷишу имтиҳонро бо баҳои аъло месупорид. Дар озмуну маҳфилҳои илмӣ иштирок ва баромад мекард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё