Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Ду сол паиҳам дар синфҳои болоӣ Акмал дар озмуни (олимпиада)-и ҷумҳуриявӣ аз фанни таъриху ҳуқуқ ғолиб гардид ва дар охир мактаб-парваришгоҳро бо медали тилло хатм намуд. Юлдуз бошад, чун бародараш бо баҳоҳои хубу аъло ва рафтори намунавӣ хонданро давом дод. Ў низ дар озмунҳои минтақавию ҷумҳуриявӣ аз фанни биология ғолиб гардида, баъд аз якчанд сол мактаб-парваришгоҳро бо медали тилло хатм кард.
Акмал донишҷўйи риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Юлдуз баъд аз се сол донишҷўйи риштаи рагу дилшиносии Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино гардиданд.

Дониш андар дил чароғи равшан аст,
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.

Ин ятимони бекасу кўй ба панди Одамушшуаро амал карда, дар ҷустуҷўйи қуллаи мурод буданд.
Акмал аз соли аввали таҳсил сар карда дар хондан ва иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ намунаи ибрати ҳамсабақону устодон ва сазовори таҳсини докторону профессорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гардид.
Ўро сардори гурўҳ интихоб карданд. Дар вақтҳои таҳсил, чун дигар ҳамсабақонаш ба ҳеҷ ҷой намерафт. Охир ў касе надошт, ба куҷо равад?! Аз деканат хоҳиш мекард, ки ба корҳои донишгоҳ ёрӣ расонад. Дар аввал гоҳ-гоҳ пинҳонӣ баъд аз дарсҳо омада мардикорӣ мекард, то ин ки қути лоямуте пайдо кунаду ба хобгоҳ ҳамроҳи рафиқонаш чизе барои хўрдан барад.
Ҳамдарси Акмал, Фаридун ном ҷавоне аз шаҳри Қўрғонтеппа ғамхору мададрасонаш буд. Падари Фаридун марди сарватманд буд, аз ҳамин лиҳоз хурду хўроки Акмалро ў таъмин мекард. Дар ивази ин некиҳои Фаридун Акмал дар донишазхудкуниаш ёрӣ мерасонд.
Адабиётҳоро ба ў дастрас мекард. Дар навиштани реферату корҳои курсӣ ёриаш мерасонд. Рўзе дар вақти таътил Фаридун Акмалро ба хонаашон даъват намуда бурд.

пешина
аз 191
навбатӣ