ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Акмалу Юлдуз Ҳабибуллоҳу Мунисаро соҳиб ва волидони худ меҳисобиданд. Дар вақти аз хонаи Ҳабибуллоҳ бурдани ятимон аз тарафи намояндагони шўрои васояту парасторӣ гўё қиёмат қоим шуда буд.
Акмалу Юлдуз аз домони Ҳабибуллоҳу Муниса бо ду даст дошта, чиррос зада зор-зор мегиристанду мегуфтанд:
– Мо ҳеҷ кас надорем, ба ғайр аз Худову ин дўстони падар. Моро дубора ятиму бесоҳиб насозед!
Аз ин нолаву зориии тифлакони ятим гўё сангу чўб, хоку гиёҳу дарахтони атроф менолиданд. Дар як замон порчаи абре пайдо шуду борон борид. Гўё аз нолаи ҷонсўзи ятимон Аршу Курсӣ, Замину Осмон ба ларза омада буд, ки раъду барқ наъразанон, абри осмон ашкрезон онҳоро ба ятимхонаи бесоҳибон гусел мекарданд. Гўё Саъдии бузург мегуфт:
Бигзор то бигирям, чун абр дар баҳорон!
К-аз санг нола хезад рўзи видои ёрон.
Ҳар к-ў шароби фурқат рўзе чашида бошад,
Донад, ки сахт бошад, қатъи умедворон.
Бар сорбон бигўед аҳволи оби чашмам,
То бар шутур набандад маҳмил ба рўзи борон.
Бигзоштанд моро, дар дида оби ҳасрат,
Гирён чу дар қиёмат, чашми гунаҳкорон...
Оқибат Акмал ба ҳаёти мактаб-парваришгоҳ ва Юлдуз ба шароити хонаи кўдакон одат карданд. Дар давоми як соли таҳсил Акмал бо дониши хубу аъло ва рафтори намунавӣ маҳбуби дили маъмурияту коллективи омўзгорон ва ҳамсинфонаш гардид.
Баъд аз се сол бо хоҳишу талаби Акмал хоҳараш Юлдузро ҳам ба ҳамин мактаб-парваришгоҳ оварданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё