ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Маҳбусии Шермати Шағол дер давом накард. Ў дар маҳбас шароити хуберо аз сар мегузаронд ва худро шери маҳбас меномид. Ин сабаб дошт, сабабаш ёрии пасипардагии хоҷагони ноаёнаш буд. Ин хоҷагон (мафия) дар се давлати ҳамсоя амалиёт мебурданд. Шермат баъд аз се сол ба гурўҳи маҳбусони афвшуда дохил шуд, ки ин ҳам як амали «хайр»-и хоҷагонаш ба ҳисоб мерафт. Аз маҳбас баромадан замон Шермат Ҷумҳурии Тоҷикистонро тарк кард. Барои сирри хоҷагонаш ошкор нашудан бо шиносномаи нав, тағйири ному насаб карда, дар шаҳрҳои калони Русия, ба монанди Маскав, Санкт- Петербург ва Қазону Екатеринбург пайдо мешуд. Лекин дар урфият мегўянд: «Дуздию ғарӣ – пушти саргини хар», яъне одами бадро бадӣ интизор аст. Худованд дар Қуръон сароҳатан моро аз хиёнат ва дағалкорӣ, ҳаромхурӣ ва дигар хислатҳои бадӣ наҳй кардааст.
Чунончӣ Аллоҳ таъоло мефармояд: «Эй аҳли Имон, Худо ва пайғамбарро (с) хиёнат накунед ва низ амонатҳои якдигаратонро хиёнат накунед». (Сураи “Анфол”: 27)
ҲАЁТИ ЯТИМОН ДАР ПАРВАРИШГОҲ
Падармурдаро соя бар сар фикан,
Ғубораш бияфшону хораш бикан.
Чу бинӣ ятиме сар афканда пеш,
Мадеҳ бўса бар рўйи фарзанди хеш.
Ятим гар бигиряд, кӣ нозаш харад,
Ва гар хашм гирад, кӣ бораш барад.
Ба раҳмат бикун обаш аз дида пок,
Ба шафқат бияфшонаш аз чеҳра хок...
Саъдии Шерозӣ
Дар асоси ҳалномаи суди шаҳри Душанбе, санаду
хулосаи Шўрои васояту парастории назди мақомоти
иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва қарори раиси шаҳри Душанбе ноболиғон, ятимони мутлақ Бурихонов Улуғбек Шерматович ба мактаб-парваришгоҳи ҷумҳуриявӣ ва Бурихонова Юлдуз Шерматовна ба хонаи кўдакони №1-и шаҳри Душанбе фиристода шуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё