Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Шоҳидони зиёдеро мепурсиданд. Акмалу Юлдузи хурдсолро муфаттиш дар ҳузури намояндаи Мақомоти васояту парасторӣ борҳо аз сабаби сар задани ҳодиса, ки боиси марги модару бибияшон шуда буд, мепурсид.
Аз ин ҳодисаи мудҳиш Ҳабибуллоҳу Муниса хабардор шуданд. Онҳо ба маҳаллаи Кўҳдоман омаданд.
Акмалу Юлдузро аз хонаи Дилшод пайдо кардаву, аз кампири Фазилаю Дилшод хоҳиш намуданд, ки то ба охир расидани тафтишот кўдаконро ба деҳа баранд.
Ҳамин тавр ҳам шуд ва Акмал хонданро дар мактаби деҳа давом дод.
Тафтишот шаш моҳ давом кард. Шермат доимо як гапро такрор карда мегуфт:
– Ман Ойгулро накуштам. Модараш, Қундузой, ўро кушт ва хост сонӣ маро бо лом зада кушад. Маро мурда пиндошт ва аз тарс дилкаф шуда мурд. Ин маводи мухаддиру яроқу аслиҳа ва тиллову нуқра аз ман нест, яъне ҳама аз ҳамин кампири Қундузой ҳастанд.
Муфаттиш такрор ба такрор мепурсид, ки дар мўҳри бастаҳои маводи мухаддир номҳои «Бургут» ва «Зоғ» ва дигарон навишта шудааст. Соҳибони ин лақабҳо киҳоянд? Шермат ба ин саволҳо ҳеҷ ҷавобе намедод.
Хулоса, баъд аз санҷиши шашмоҳа Шермат бо мададу ёрии хоҷагонаш Бургуту Зоғ ҷазои сабук гирифт. Суд бо тасарруфи молу амвол ва хонаю ҳавлӣ Шермати Шағоли қотилро ба мўҳлати 7 сол аз озодӣ маҳрум, бо реҷаи низомаш умумӣ маҳкум намуда, ҳалнома баровард. Агар мушкили Шерматро хоҷагонаш, Бургуту Зоғ, ва дигарон осон намекарданд, Шермат метавонист онҳоро аз паси парда берун бикашад ва он гоҳ ин се-чор нафар бо гурўҳи калони нашъаҷаллобон, ки якеҳо дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва дигарҳояшон дар Федератсияи Русия буданд, ошкор мегардиданду суди байналмилалӣ ба кори онҳо машғул мешуд.

пешина
аз 191
навбатӣ