ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Кампири Фазила ятимонро ба хонааш бурд.
Ҳамроҳи кормандони тиб ва милисаҳо Дилшоду Фарҳод ва ду нафар ҳамсояи наздик то ба рўз тафтишу тадқиқот гузарониданд. Кормандони тибу ҳифзи ҳуқуқ вориди таҳхона шуданд ва диданд, ки онро обу гил пур кардааст. Дар болои қопчае ду ҷасад болои ҳам хобидаанд. Ҷасадҳоро ба берун бароварданд ва диданд, ки Шермат аз паси сар захмдор шуда, хуни зиёде талаф додааст, вале кам-кам нафас мекашад. Бо шитоб ўро дар мошини ёрии таъҷилӣ ба беморхона фиристоданд. Ойгул бошад, сараш дар обу гил ғўтта хўрда, кайҳо дамгир шуда фавтидааст.
Тафтиш ду рўз давом кард. Дар вақти тафтиш аз таҳхона зиёда аз 100 кг. маводи сахттаъсири героин, дар як халтача гўшвору ангуштарин, гарданбанду дастбанд, қуфли пешибару пешонибанди арўсӣ, ки ҳама аз тиллою нуқраи холис иборат буд, ёфт шуд. Шермат ин гўшвору ангуштарин ва дигар ашёҳои қиматбаҳоро дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ ҷамъ карда, соҳибони ин ашёҳоро бо тарзи ваҳшиёна ба қатл расонда будааст. Ба замми ин, аз як латтапеч ду дона туфангча (таппонча), се дона норинҷак ва як автомати Калашникову тирҳои бисёреро пайдо карданд.
Кормандони ҳифзи ҳуқуқ дари хонаро мўҳр ва нигоҳубини онро то охири тафтишот ба зиммаи Дилшоду Фарҳод вогузор карданд.
ҚОТИЛ НАҶОТ ЁФТ
Баъд аз як рўз Шермати қотил дар беморхонаи «Ёрии таъҷилӣ» ба ҳуш омад. Дар урфият мегўянд: «Одами бад мурдан надорад». Ҳама аз одами бад безор аст ва ўро дидан ҳам намехоҳанд.
Баъди чанде Шерматро аз беморхона ба маҳбасхона оварданд ва санҷишу тафтишот давом мекард. Шермат ба гуноҳҳояш иқрор намешуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё