Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Акмалу Юлдуз аз сўзи дилу ҷигар, тарсу ҳарос, чун гунҷишку чўҷагони ба доми мор афтода чиррос мезаданд.
Соат аз нўҳи шаб гузашта буд. Аз он нолаҳои ҷонгудози тифлони бегуноҳ ҳамагон огоҳ шуданд.
Аввалин касоне, ки ба имдодашон расиданд, Дилшоду Фарҳод буданд. Дар баробари вориди ҳавлӣ шудани Дилшод Акмалу Юлдуз чиррос зада, чун мурғакони парсўхтаю парканда бо тарсу ҳарос худро дар канори онҳо гирифта, дир-дир меларзиданд. Аз чашмони варамидаашон қатраҳои ашк чун ҷўйча равон буд.
Дилшод бо ҳайрат ба атроф нигариста гуфт:
– Чӣ ҳодиса рўй дод?
Акмал (шоҳиди фоҷиаи мудҳиш) медонист, ки Шермат падараш нест. Аз ҳамин сабаб ў ба тарафи таҳхона ишора карда, ларзону гирён, канда-канда гуфт:
– Қотил кушт! Кушт!
– Киро кушт?
– Модарамро! Бибиямро!
Дилшод кўдаконро ба зани ҳамсоя, Меҳрона, ки аз паси онҳо омада буд, супориду ба Фарҳод ишора кард ва ҳарду бо шитоб ба тарафи таҳхона давиданд. Дар баромадгоҳи таҳхона кампири Қундузой рў ба замин мехобид. Дар як мижа задан, гўё аз осмон одам борида бошад, ки ҳавлӣ пур аз зану мард шуд. Модари Дилшод, кампири Фазила, ҷасадро ба пушт гардонда, се маротиба «Аллоҳ, Аллоҳ, Аллоҳ», - гуфта чашмони Қундузойро бо ангуштонаш молида, пўшонд ва манаҳашро бо дока баст.
Ҳамаи ҳамсоягон аз ин ҳодисаи ногаҳонӣ чӣ кор карданашонро намедонистанд. Фақат ҷасади кампирро медиданд. Дар дохили таҳхона чӣ ҳодисаи мудҳише рўй додааст, касе огоҳ набуд. Дилшод ба худ омад ва ба Фарҳоди дўсташ хитоб карда гуфт:
– Фарҳодҷон, тез ба милиса ва духтур хабар деҳ!
Баъд аз 30 дақиқа мошини ёрии таъҷилӣ ва милисаи бисёре аввал хонаро иҳота карда, баъд мардумро як ба як аз назар гузаронида аз ҳавлӣ берун карданд.

пешина
аз 191
навбатӣ