Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Аз ин суханони пиразан хун дар сари Шермат зад ва ба тарафи таҳхона давид.

КУШТОР ДАР ТАГХОНА

Шермат ҳарчанд калидҳоро меҷуст, аз шитобкорӣ намеёфт. Ногаҳон табару ломро дар ошхона пайдо кард.
Ба зудӣ дар ва қуфли онро бо лому табар зада шикаст ва вориди таҳхона шуд. Обу лой то ба миён мерасид. Ў чизеро даст-даст карда кашида, як бандча баровард ва ҳуш аз сараш парид. Бастаи хокаи сафеди селофанпеч, ки онро калламуш кайҳо сўрох карда будааст, ба хоку гил якҷоя шуда буд. Аз ин ҳолати ногувор солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба ёдаш омаду раги хунхориаш ҷўш зад. Ба тарафи хона давид ва аз мўйҳои Ойгул дошта, кашолакунон ба таҳхона бурд. Ойгул доду фарёд мекард ва ҷони худоӣ гўён, имдод металабид, вале касе ба додаш намерасид Ин вазъиятро дида, кампиру ду тифли ҳаросон аз дунболи Ойгул ба тарафи таҳхона давиданд. Шермат Ойгули бегуноҳро дар даруни обу гил чун муши ба доми гурба афтода мехелид. Аз шиддати қаҳру ғазаб ў ҳеҷ чизро ҳис намекард ва аз паси гардани Ойгул дошта, рўяшро ба обу гили болои бастаҳои хокаи сафед ғўтонида мегуфт:
– Эй лаънатӣ, ин моли мардум буд, миллион сомонӣ арзиш дошт! Акнун, маро мекушанд! Дод аз дасти шумо, лаънатиҳо! Ман ба «Бургут» чӣ ҷавоб медиҳам?!
Дар ҳамин вақт Шермат зарбаи сахтеро аз паси сараш ҳис кард ва беёд шуда болои Ойгул афтод. Ин зарба на ҷони Шермат, балки ҷони Ойгулро ба ҷонофарин супурд.
Вақте ки Шермат ба болои сари Ойгул афтод, ў дамгир шуда ҷон дод. Қундузой ин корро барои наҷоти ҷони духтараш карда буд, лекин зарбаи ломи оҳанин ҷони азизи духтарашро рабуд. Қундузой ин ҳолатро дида, ба берун давид ва дилаш ба задан даромаду ба замин афтода дар они воҳид ҷон дод.

пешина
аз 191
навбатӣ