ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Обу гилро аз ҳавлии Шермат тоза карданд. Ҳамсоягон хостанд, ки обу гили таҳхонаро ба воситаи мошини оташхомўшкунӣ кашида, ба берун партоянд. Қундузой ва Ойгул аз тарси Шермати Шағол иҷозати кушодани қуфлро надоданд. Ба ёриомадагон аз ин рафтори соҳибхонаҳо дар ҳайрат монданд. Фақат Дилшод ким-чиро ҳис кардагӣ барин ангушти ишора ба чаккаи сар бурду худ ба худ чизе гуфта, сир бой надод. Дилшод медонист, ки ин пирамард ғоратгар, қотил ва авбоши гузаро аст. Ў ҳам ҳамроҳи ҳамсоягон аз ҳавлии Шермат дур шуд.
Аз миён се рўзи дигар гузашт. Ҳоло ҳам бўйи нофорами сел аз ҳавлию хонаҳои маҳалла дур нашуда буд. Соатҳои 8-и бегоҳӣ ногаҳон дарвоза кушода шуд ва Шермат тез-тез қадам монда, вориди хонаи дарун, ки дар он ҷо аҳли оила хоб буданд, даромад. Дохил шудан замон гуфт:
– Аз ин ҳавлӣ бўйи нохуши чизе меояд, тенҷӣ аст?
Ман дар Панҷакент будам, телефон карданд, ки дар Душанбе борони сел боридааст. Корамро ба анҷом нарасонда баргаштам.
Шермат мунтазири ҷавоб нашуда, чун саги бўйгир бўй мекашид ва бўйи ба худ ошноеро ҳис мекард. Ба сараш чӣ фикре омад ва ба зану модарарўсаш бо ҳаяҷон хитоб карда гуфт:
– Ба таҳхона ҳам обу гил даромада буд?
Ойгул бо тарсу ларз чизе гуфтанӣ буд, ки забонаш гирифт. Шермат дод зада гуфт:
– Тезтар гап занед, ба таҳхона обу гил даромада буд ё не?
Қундузой дид, ки духтараш аз тарс маҷоли гап задан надорад, худ гуфт:
– Писарам, Шерматҷон, худи шумо гуфта будед, ки ба қуфли таҳхона касе наздик нашавад. Аз тарси шумо мо нагузоштем, ки касе ба дари таҳхона наздик шавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё