Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Маълум, ун бачаро падараш Дилшод ба ҷосусӣ хонаи мо фиристодааст. Агар як бори дигар ягон кўдак ё калонсолро бинам, ҳамаатонро аз ин хона дафъ мекунам! Ин хона дигар ба тую духтарат тааллуқ надорад. Ман бо розигии тую духтарат ҳуҷҷатҳои хонаро ба номи худам ба расмият даровардам.
Метавонам шуморо аз ин хона пеш кунам!
Бо шунидани ин суханон дили кампир ба таппиш даромад ва ба тарафи хона ларзида-ларзида ҳаракат карда, дар пеши духтараш, Ойгул, рўй ба замин афтиду беёд шуд. Шермат аз хона баромада рафт. Модару духтар гирёну нолон бо ду тифли ноболиғ тамоми шаб хоб нарафтанд.
Соатҳои дуи шаб оҳиста дарвоза кушода шуд. Аз тарс Ойгулу модараш чароғро нагиронда, оҳиста пардаи тирезаро каме яктарафа карда, ба берун нигаристанд.
Шаб он қадар торик набуд. Мошини тамғаи “ГАЗ-24” вориди ҳавлӣ шуд. Ҳамроҳи Шермати ронанда ва як нафар шахси ношинос вориди таҳхона шуданд. Аз таҳхона, дар се халтаи начандон калон чизеро бароварда, ба дохили мошин ҷой карданд. Ҷобаҷокунии халтаҳо се соат давом кард. Қарибиҳои субҳ мошин ба ҳаракат даромаду садои баста шудани дарвоза ба гўш расид.
Модару духтар акнун фаҳмиданд, ки ба доми аждаҳои ҳафтсар афтодаанд. «Амали бадро подоши бад интизор аст», – мегуфтанд модару духтар хиёнати дар ҳаққи Собиру Сабур кардаашонро ба ёд оварда, мегиристанду афсўс мехўрданд.
Панҷ шабонарўз аз Шермат на пай буду на ҳайдар.
Аввали моҳи апрел буд. Бегоҳӣ шамоли сахт вазид ва соатҳои 9-и шаб чунон борону жола борид, ки аз ҳайбати он касе ба берун нигоҳ карда наметавонист. Барқ хомўш шуд. Сели калон аз болои теппа ба маҳаллаи Кўҳдоман, ба тарафи хонаи Шермат ҷорӣ шуд. Ҳавлиро обу гил пур кард ва ба тарафи таҳхонаи «махфӣ»-и Шермат ҷорӣ гардид. Пагоҳӣ тамоми мардуми маҳалла ва дигар маҳаллаҳои шаҳри Душанбе ба ёрӣ омаданд.

пешина
аз 191
навбатӣ