ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Маро ба дили фиғор мапурс ҳеҷ,
Аз қолаби бемадор мапурс ҳеҷ.
Умрам ба сар омад аз ғами танҳоӣ,
Эй шоҳиди гулгузор мапурс ҳеҷ.
Ёре ки ҷафо кунад, аз он ёр чӣ суд?!
Гар ҳур бувад – бувад ситамгор чӣ суд?!
Умре натвон дар ў накўкорӣ кард,
З-он умри дарози нозовар чӣ суд?!
Роҳи деҳаи Навободро пеш гирифтам, ёдгории Сабури нокомро мувофиқи васияташ, ки аз як пора нони хушке, ки осори изи дандонҳояш дар вақти газида хўрдан дар он нақш баста буд, ҳамроҳи ду номаю 7 сўм пули садақа кардаи худам ба акои Ҳабибуллоҳ дода гуфтам:
– Эй инсони хуб, ҳамсояи нағзи беҳ аз хеши дури бобои Собири шикастадилу Сабури ноком! Ин сарвату ёдгории ўро ба фарзандонаш Эркину Юлдуз расону аз аҳволу саргузашти бобою падарашон қиссаҳо кун.
Чашмам зи ғамат ҳамеша хун мегиряд,
З-андозаи хештан бурун мегиряд.
Бар чашмаи дил чу чашми ман об намонд,
Гардида тиҳиву сарнагун мегиряд.
АЗОБУ ШИКАНҶАИ ФАРЗАНДХОНШУДАГОН
Баъд аз омадани Сабур ба назди зану фарзандонаш хислату рафтори Шермат бо тахаллуси «Шағол» тамоман дигаргун шудан гирифт. Шабу рўз фикр карда, нақша мекашид, ки сирру асрор ва кирдорҳои содиркардааш дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ ошкор нагардад. Ў бештар аз ҳамсоягон, хусусан аз Дилшод, ки ҷавони оқилу фозил ва мушкилкушою далери маҳаллаи Кўҳдоман буд, хавф бурда метарсид. Вақтҳои охир як рўзу ду рўз ногаҳон ғайб мезад ва рўзе Ойгул аз шавҳараш тарсида-тарсида пурсон шуда гуфт:
– Отайи Улуғбекҷон, вақтҳои охир тамоман тағйир ёфтаӣ. Ба куҷое равӣ, ба мо намегўӣ.
Шермат ба тарафи Ойгул бо ғазаб нигарист:
– Қанчуқи душавҳара, боз ту забон баровардӣ? Аз рўзе ки шавҳаратро дидӣ, дар дилат алов афтодааст.
Агар як бори дигар аз чи кор карданам ва ё ба куҷо рафтанам ба касе хабар диҳӣ ва ё савол диҳӣ, сарата бо табар аз танат ҷудо мекунам, фаҳмидӣ?!
Аз ин суханони шавҳар зан чӣ гуфтанашро надониста, чун ҳайкал ба замин чашм дўхта истод. Шермат паст наомада илова кард:
– Тез аз назарам дафъ шав, беваи душавҳара!
Ойгулро нафасаш дар гулўяш дармонда буд. Бо азобе сулфида, калавида-калавида ба хонаи дарун даромад ва дар кунҷаке нишаста, сарашро бо ду даст дошта, дарундарун, чун ангишти кони «Сайёд» месўхт. Модари Ойгул, Қундузой, аҳволи духтарашро дида, ба назди Шермат омада гуфт:
– Домодҷон, ба Ойгул сахт наоед, бе ин ҳам ў бемору дилшикаста ва бе падар калон шудааст.
Аз ин сухани кампир Шермат боз ба ғазаб омад ва аз чашмони танги буммонандаш оташ дурахшиду чун гурги ба хашм омада, ба тарафи Қундузой мушташро нишон дода гуфт:
– Ҳой аҷуза, ту ҳамроҳи духтарат аз дунболи ман ҷосусӣ мекунед? Дирўз қуфли тагхонаро кӣ тоб дода буд, ки қариб шикастааст?!
Кампир ларзида ҷавоб дод:
– Писарат Улуғбек бо бачаи ҳамсояамон Дилшод мехчабозӣ карда, қуфлро тоб додаанд. Ойгул хабардор шуд ва онҳоро аз назди дари тагхона берун кард.
Шермат гуфт:
– Улуғбеки какан (фарзанди аз паси зан омадаро чунин меноманд) ҳоло бо бачаи душмани ман, бачаи Дилшод ҷўра шудааст гўй?!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё