ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа
навиштаро кушода хондам, ки дар рўйи нома чунин сатрҳо иншо гардида буд:
«Эй инсон, эй фарзанди одам, ба ҳурмати Худои бузург дар ҳаққи мани бадбахт, як некӣ кун. Агар ҳамин ду нома ба дастат афтад, албатта, бурда дар деҳаи Навобод, ба дасти акои Ҳабибуллоҳ деҳ ва он гоҳ рўҳи ман шод мешавад».
Номаро кушодаму сатрҳои дохили онро хондам, ки чунин навишта шуда буд:
«Ҳазорон-ҳазор раҳмати Худованд бар Шумо бод, эй акои қиёматӣ, Ҳабибуллоҳ ва эй янгаи ғамхор, Мўниса!
Илоҳо, монанди шумо инсонҳои комилро Худованд дар рўйи замин бисёртар кунад, ки дасти бечорагону дардмандон, корафтодагону ятимонро бигиранд. Шумо ҳамсоя не, падару модари ман ҳастед ва аз ҳама сирру асрори ману падарам, хонадонамон огоҳед. Аз ҳамин сабаб, пас аз марг ҳам умедамро ба шумо мебандам. Умед дорам, ки баъди ба камол расидани Эркину Юлдуз, ин номаҳоро ба онҳо мерасонеду саргузашти талхи ману падарамро ба онҳо саросар нақл мекунед, то ки қисмати талх дар авлоди мо меросӣ нагардад. Ман афюн хўрда, худкушӣ мекунам.
САЗОИ САРИ ОҚИ ПАДАР
Акои Ҳабибуллоҳ, дунёи кушод барои ман тангӣ кард. Дар ин олами паҳновар барои мани бадбахт ҷой нест. Бемории ман хавфноки гузаранда аст. Аз ҳамин сабаб намехоҳам, ки инсони дигареро бадбахт кунам ва дар куҷо зистан, бо кӣ зистанро намедонам. Ҳама аз ман ҳазар мекунанд ва аз ман дурӣ ҷуста фирор менамоянд.
Барои ману ҷамъият ва атрофиён маргам беҳтар аст, зеро ки худам аз азоби алим халос мешаваму атрофиён аз ману бемориям дигар намеҳаросанд. Ҳабибуллоҳ, агар фарзандонам аз шумо пурсанд, ки падарам чӣ гуна кас буд, бигўй, ки мурғе нуҳуфта дар қафас буд.
Бикўшед то ранҷҳо кам кунед,
Дили ғамгинон шоду беғам кунед.
Маро марг беҳтар аз ин зиндагӣ,
Ки солор бошам кунам бандагӣ.
Ҷаҳон саргузашт аст аз ҳар касе,
Чунин гуногун бозӣ орад басе.
Ҳар кас ки зод ў зи модар бимурд,
Зи дасти аҷал ҳеҷ кас ҷон набурд.
Фирдавсӣ
Алвидоъ! Алвидоъ, эй дунёи кушоду равшан, вале барои ман тангу торик! Алвидоъ, эй дўстони қиёматӣ!”.
Баъди номаро ба пуррагӣ қироат намуданам, онро ба рўймолча печонида, дар ҷайбам пинҳон кардам.
Аз бозор суфи сафед харида, бо ёрии чор нафар пирамарди бепарастор кафан тайёр намудем ва ҷасади Сабурро дар гўристони теппаи Қирғизон (Роҳатӣ) гўрондем. Баъди хатми сураи «Мулк» мулло ба атрофиён, ки ҳамагӣ ҳафт нафар буданд, чун анъана савол дода пурсид:
– Худораҳматии Сабури ғарибаки бесоҳиб чӣ гуна одам буд?
Дар сари қабр будагон ба ҳам нигариста, ба саволи мулло ҷавоб дода натавонистанд ва бо аломати рад сар ҷунбонда, китф дар ҳам кашида, пароканда шуданд. Аз сабабе, ки мулло ба саволи анъанавии худ ҷавоб наёфт, зери лаб ғур-ғур карда гуфт:
– Мардумон мегўянд, ки ин ҷавони бадбахт дили падарашро шикаста будааст, яъне зидди хоҳиши падар амал карда, ба ин аҳволи бад гирифтор шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё