Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Охир, ў ба васвасаи шайтони раҷим дода шуду аз дарахти гандум тановул намуд ва худат, эй Худованди бузурги кирдугор ўро аз биҳишти абадӣ рондӣ. Парвардигоро, ҷони пуразобашро гиру ўро аз маҳбаси ин дунёи пурзаҳмат озод намо, ки дар ин олам ғайр аз ранҷу заҳмат, дарду бало дигар чизеро надид. Худоё, яке аз исмҳои аъзаму бузургат Ғафур аст. Умед аз он дорам, ки ҳамаи он гуноҳҳои содиркардаашро афв намоию яке аз даричаҳои биҳиштро ба рўяш бикшоӣ. Охир, Сабур подоши мукофоти амалҳои зишташро дар ин дунёи буқаламун (рангоранг) кашиду пушаймон гардида, тавбаи Насиҳо кард. Дигар барои ў дар ин дунёи кушоду паҳновар ҷой нест, Холиқо, мағфираташ кун, омин!
Баъди адои дуо, каме чой нўшидаму ба мошин савор шуда, ба аёдати Сабур равон шудам. Дар роҳ худ ба худ меандешидам, ки ба ў чӣ гўям ва ўро ба куҷо барам?
Дар даромадгоҳи парваришгоҳ маро сардор пешвоз гирифта, ғамгинона гуфт:
– Бародари азиз, бемори овардаат вафот кард!
Ҳамроҳи сардор вориди ҳуҷраи Сабур шудем.
Духтурон ҷасади ўро дар сони сафеде печонда, манаҳашро ба тори сар баста буданд. Лекин аз кунҷи лабонаш хуни сурх ҷорӣ шуда, хушкида буд. Сардор рўймолчаи бастаеро ба ман дароз карда гуфт:
– Ин рўймолчаро аз таги болинаш ёфтем. Ў қарибиҳои соати панҷи субҳ ногаҳон вафот кард.
Рўймолчаи бастаро дар иштироки сардор кушодам, дар он як порча нони хушку ду коғази номашакл печонида шуда буд. Яке аз коғазҳо кўҳна буду дигараш сафеди тоза. Номаи кўҳнаро кушода, дурудароз мутоила кардам. Ин ҳамон номаи навиштаи бобои Собир буд, ки пеш аз маргаш ба писари беному нишон гумшудааш Сабур навишта буд. Номаро қат кардаму номаи нав

пешина
аз 191
навбатӣ