ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Баъд як миқдор пул бароварда ба ў додам, то ки барои харидани дорую дармон сарф кунад.
Сабур пулҳоро гирифта шумурда, дар рўймолчае печонду дар таги болин пинҳон кард ва дар чашмони бенури фурўрафтааш бори дигар ашк ҳалқа зад. Ў хост, ки ба ман изҳори миннатдорӣ кунад, лекин аз ҳаяҷон суханаш дар гулўяш гиреҳ заду маҷоли сухан кардан надошт. Дар ҳамин вақт сулфаи дурударозе пайдо шуду дергоҳ оромаш нагузошт.
Ман гуфтам:
– Хайр, паноҳат бар Худо, то рўзи душанбе!
Ў ба сўйи ман нигоҳи имдодталабонае карда, бори дигар гирён шуда гуфт:
– Бародар, ҷонамро даст гир, ки ғайр аз Худо касе надорам ва дар ин дунёи кушод намеғунҷам.
Баъди видоъ бо Сабур дар давоми як ҳафта, ҳамаи парваришгоҳу табобатгоҳ ва идораю вазоратҳои масъули шаҳри Душанберо давр зада баромадам. Дар ҳар идораю вазорати масъули бепарасторон аҳволи Сабурро муаррифӣ кардаму ҳуҷҷатҳои лозимаи ўро, яъне таърихи беморияшро (история болезни) нишон додам, онҳо танҳо як суханро такрор мекарданд: – «Бемории Сабур Собирович кўҳнаи хавфноки гузаранда аст. Ҳатто ўро дар беморхонаи Мачитон хобондан ҳам мумкин нест».
Ман худ ба худ андешида савол дода мегуфтам: – «Ин тавр бошад, барои Сабури оқи падар дар ин дунё дигар ҷой нест. Мумкин ў бо худ аз кишвари Русия бемории хавфноктарини дунё ВИЧ – СПИД-ро оварда бошад?».
Баъди як ҳафта, субҳи содиқи рўзи душанбе, пас аз адои намози бомдод, дергоҳ ба фикри дар куҷо ҷой кардани Сабурро андешидаму ба Худои мушкилкушо муноҷот намуда, дуо карда гуфтам: «Бор Худоё, ту ҳакимӣ, доноӣ, мушкилкушоӣ, ба ҳурмати Пайёмбари барҳаққат ҳазрати Муҳаммад (с) ва ҳамаи пирони тариқати Хуфия, Ҷаҳрия, Ишқия ва Кибрия, мушкили Сабури гўлу гумроҳи роҳгумкардаро осон намо. Худоё, хатою гуноҳ кардани мо бандагонат, аз ҳазрати бобокалонамон Одам (а) ба мо мерос мондааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё